Ковид-19 ба ҳаёти духтарон таъсири харобиовар дорад. Маҳкам шудани мактабҳо бо сабаби пандемия, ҳаяҷону асабонияти шадид бар асари мушкилоти зиёди иқтисодӣ, номуназзамии хизматрасониҳо, аз ҷумла хизматрасониҳо дар соҳаи тиб, саломатӣ, некӯаҳволӣ ва ояндаи духтаронро зери хатар гузошта, онҳо боз ҳам ҳасостар гардонидааст. Аз ҳамин хотир ҷаҳон бояд баъди пандемия духтарон ва таъмини ҳуқуқҳои онҳоро дар мадди аввал гузорад...
Ин нуктаро Кэтрин Рассел, Директори иҷроияи ЮНИСЕФ дар нутқи табрикотии худ бахшида ба Иди Байналмиллалии Занон 8-март махсус қайд кардааст.
“Муъмулан дар рӯзи байналмиллалии занон мо бо ифтихор дар боби дастовардҳои бонувон дар тамоми самтҳои ҳаёти ҷомеа ҳарф мезанем, ки бо душворҳои зиёде ба даст омадаанд, вале бояд иқрор шуд, ки мубориза барои баробарии гендерӣ ҳанӯз ба анҷом нарасидааст. Албатта то пандемияи Ковид-19 низ нобаробарии гендерӣ яке аз намудҳои хеле паҳншудаи беадолатӣ дар ҷомеаи муосир ба шумор мерафт, вале пандемия авзоъро боз ҳам шадидтар гардонд. Ҷараёни пай дар пай басташавии мактабҳо, бӯҳрони шадиди иқтисодӣ, ки бар асари пандемияи қариб тамоми ҷаҳонро фаро гирифтааст, дастрасии дуруст надоштан ба хизматрасониҳои гуногун ба ҳаёти духтарон бе таъсир намемонад. Дар тамоми ҷаҳон ба 11 миллион духтарон хатари баъди пандемия дигар ҳеҷ гоҳ бар нагаштан ба мактаб таҳдид мекунад. Дар даҳсолаи наздик тақрибан 10 миллион духтарон бо мушкилоти ҷиддии дар давраи кӯдакӣ ба шавҳар баромадан рӯ ба рӯ мегарданд. Мувофиқи маълумотҳои ЮНФПА тақрибан ду миллион ҷарроҳиҳое дар узвҳои занона гузаронида мешаванд, барои саломатӣ ва ояндаи духтарон хеле хатарнок мебошанд”-таъкид намуд Кэтрин Рассел.
Ба андешаи директори иҷроияи ЮНИСЕФ бар асари пандемияи “Ковид-19” зӯроварӣ нисбати занону духтарон бештар авҷ гирифтааст ва ҷаҳон набояд имкон диҳад, ки духтаракон, ки қишри осебпазири ҷомеа ба шумор мераванд, осори нохуши ин давраро минбаъд як умр дар ҳаёти худ эҳсос намуда, азоб кашанд. Аз ҳамин хотир духтарон бояд дар маркази тамоми барномаҳои миллӣ ва умумибашарии барқарорсозии ҳаёти ҷомеа баъди пандемия қарор дошта бошанд ва барои ҳимояи ҳуқуқу озодӣ ва таҳсилоту саломатии онҳо чораҳои зурурӣ андешида шаванд.