formula55
10-маслиҳати муфид доир ба интихоби ороишоти заргарӣ
918


Ангуштарин, дастона, гарданбанд ва гӯшвор аз зумраи муҳимтарин ороишоти занона ба шумор мераванд.

Бонувон ороишоти заргариро ба хотири ба назар боз ҳам зеботару ҷаззобтар намудан меовезанд, аммо барои он ки ороишот ҷазибаи занро афзун созад, онро дуруст бояд интихоб намуд. Чанд қоидаи умумие вуҷуд донанд, ки ҳангоми истифодаи ороишоти заргарӣ ҳатман бояд ба назар гирифта шаванд.

  1. Муттахассисон тавсия медиҳанд, ки ба нархҳои арзон ва тахфиф дода нашуда, танҳо ороишоти заргарии сифаташ баландро аз мағозаҳои махсус харидорӣ намоед.
  2. 2. Андохтани чанд дастпона ва ангуштарии сангҳои гуногун дошта дар як даст аз безавқии зан дарак медиҳад, албатта ба истиснои ороишоти бе нигин.
    3. Ангуштарӣ ва дастпонаҳои борику нафис бо гӯшвораҳои калонҳаҷм хеле нозеб ба назар мерасад.
    4. Ба даст, хусусан ба дасти рост, танҳо як дастпона зебанда аст.
    5. Ангуштарии борику нафиси нигини алмос доштаро ба ангушти хурдтарин гузаронидан лозим аст.
    6. Дар ёд дошта бошед, ки ду ороишоти якрангро ба ангуштони як даст намегузаронанд.
    7. Ба ангушти ишоратӣ ангуштариҳои калонҳаҷм ва ё ғайриодиро гузаронидан мумкин нест.
    8. Ҷавоҳироти тилло ва нуқрагин бояд дар қуттии дохилаш махмалӣ нигоҳ дошта шаванд.
    9. Ба маснуоти заргарӣ маводи кимиёвӣ, реактивҳо ва хокаҳои ҷомашӯи набояд расад. Ба зару зевар нури офтоб ва рутубати ҳаво низ метавонанд таъсири ногувор расонанд.
    10. Риоя накардан ба қоида ва меъёрҳои дурусти истифодабарии ороишот ва маснуоти заргарӣ нуфузи касро дар чашми дигарон коҳиш медиҳад.
    Хулоса, ҳар як ороишоти заргарӣ метавонад таҷассумгари симои воқеии зан бошанд, агар дар ҳама ҳолат меъёри овехтани зару зевар риоя шавад. Нигоҳ доштани андоза дар истифодаи ороишоти заргарӣ ба ҳусну ҷамоли зан ҳусни тоза зам мекунад.
Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД