Пӯшида нест, ки ҳамаи мо тобистонро тамоми сол интизорем. Вале, ҳангоме, ки он фаро мерасад, ранҷу азоб сар мешавад: арақ аз сару рӯй ҷорӣ мешавад, либос ба бадан мечаспад, ороиш об шуда, поён меравад. Бинобар ин, чӣ бояд кард, ки ороишу зебоӣ дар рӯзҳои гармӣ низ нигоҳ дошта шавад.
1. Барои тоз а кардани пӯст аз доғҳо ва дар фасли тобистон шахс бояд аз соати 6 –и субҳ то 11 дар зери нурҳои офтоб нишинад, зеро маҳз дар ин вақт нурҳои офтоб таъсири мусбат доранду пусти рӯйи шуморо тоза мекунанд.
2. Дар ин фасл дар як шабонарӯз то 2 литр оби маъданӣ нӯшидан лозим аст. Бар замми ин, бояд пӯсти худро намнок нигоҳ доред. Бо нӯшидани оби соф пай хоҳед бурд, ки пӯстатон чӣ гуна тоза, дурахшон ва намнок мешавад.
3. Ҳангоми ба кӯча баромадан аз малҳамҳои муҳофизаткунанда аз нури офтоб истифода кунед. Рӯйро аз нурҳои бевоситаи офтоб муҳофизат карда, пайдоиши доғҳоро пешгирӣ кунед. Малҳамҳо ба пӯсти рӯй кӯмак мекунанд, ки намиро нигоҳ дорад.
4. Дар баробари оби маъданӣ кӯшиш кунед чойи сабз (вобаста ба вазъи саломатӣ), афшураи мевагӣ ва кактейл нӯшед. Аз нӯшидани обҳои газнок худдорӣ кунед.
5. Ғизои парҳезӣ дар тобистон барои нигоҳ доштани тавозуни муқаррарии пӯст мусоидат мекунад. Тавсия намедиҳем, ки пурра аз истеъмоли хӯрокҳои равғанӣ даст кашед, зеро набудани равған метавонад боиси хушк шудани пӯст гардад. Аммо, дар ин баробар, бештар меваю сабзавот хӯред. Витаминҳое, ки дар онҳо мавҷуданд, ба пӯстатон солимӣ ва зебоӣ медиҳанд.
6. Дар тобистон истифода бурдани тоникҳои спиртӣ ва лосонҳо тавсия дода намешавад, зеро онҳо пӯстро хеле хушк мекунанд. Ба рӯятон даст нарасонед, зеро дар тобистон дастҳоятон бештар арақ мекунанд ва омили паҳнкунандаи сироят шуда метавонанд.
7. Вақте аз маводи ороишӣ (косметика) истифода мекунед, бинед, ки онҳо ҷузъҳои муҳофизаткунандаи офтобро дошта бошанд, зеро филтрҳои муҳофизатӣ пиршавии бармаҳали пӯстро пешгирӣ мекунанд. Ниқобҳо аз меваю сабзавот воситаи муфидтарин барои нигоҳ доштани ҷавонӣ ва зебоии пӯст мебошанд.
8. Дар рӯзҳои гарм бо худ ҳатман оби соф гиред. Вақте арақ кардед, рӯй, даст ва гарданатонро гоҳ-гоҳ нам кунед. Ин тавр шумо ҳам сабукиро эҳсос хоҳед кард ва ҳам пӯсти худро аз хушкшавӣ наҷот медиҳед.
9. Аз истифодаи антиперспирантҳо худдорӣ намоед! Вазифаи асосии он хунук кардани ҷисми гарм аст ва баровардани арақро душвор мекунад.
10. Дар вақти гармӣ тозакунии мунтазами пӯст бояд ҳамчун қоидаи ҳатмӣ қабул карда шавад, зеро дар тобистон сӯрохиҳои пӯсти бадан ба ифлосшавӣ майл доранд. Реҷаи тозакунии пӯстро ҳар субҳ ва шом риоя кунед. Дар шаб малҳамҳои бо бодиринг омодашударо ба рӯятон молед.
Хонандагони азиз, бо истифодаи тавсияҳои мазкур шумо метавонед пӯстатонро мулоим карда, таъсири офтобро ба он камтар кунед. Иҷрои ин маслиҳатҳои оддӣ ба шумо кӯмак мекунанд, то бисёр мушкилиҳоеро, ки ба гармӣ ва нурҳои офтоб алоқаманданд, пешгирӣ кунед.
Ҳамеша зебо бимонед!