Дар фосилаи ҳамагӣ 1 соат, аниқтараш аз 4то 5-и субҳ ду ҳодисаи хунине сар задааст, ки ҷони ду ҷавонмарди тоҷикро рабуда, ду хонаро мотамсарой гардонд.
Дирӯз дар қаламрави кишварамон ду садамаи нақлиётии маровар сар зада, бар асари ин ҳодисаҳои нохуш ду нафар ҷни худро аз даст доданд. Тавре ки Вазорати корҳи дохилии кишвар хабар медиҳад, садамаи аввал субҳи рӯзи 6-уми сентябр, тахминан соати 04:00-и саҳар сар зада, ронандаи автомашинаи тамғаи «Тойота Королла», Умаров Саидҷон Сатторович, соли таваллудаш 1999, сокини шаҳри Кӯлоб, ҳангоми ҳаракат дар кӯчаи Айнии пойтахт, аз ӯҳдаи идора кардани воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагард Бердиев Абдуқаҳор Манонович, соли таваллудаш 1987, сокини шаҳри Ваҳдатро пахш намудааст. Абдуқаҳҳор Бердиев бар асари ин садамаи хунин ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, ҳангоми аз ҷониби ронанда ба беморхонаи «Ёрии таъҷилӣ» дастрас намудан дар роҳ ба ҳалокат расидааст.
Ҳамагӣ як соат пас, аниқтараш соати 05:00-и рӯзи 6-сентябр ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Астра” Артиков Сайвалӣ Имомович, соли таваллудаш 1984, сокини ноҳияи Панҷ, ҳангоми ҳаракат аз самти ноҳияи Ҷайҳун ба самти ноҳияи Панҷ, дар ҳудуди ҷамоати шаҳраки Дӯстии ноҳияи Ҷайҳун, аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, мошин ба канори чапи самти ҳаракат чаппа шудааст. Ронанда бар асари ин ҳодиса ҷароҳатҳои ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расид. Таҳқиқот аз рӯи ин ҳодисаҳо идома дорад.