Arzon march 2024
1 раис ва 2 муовин: Кумитаи нав чанд корманд хоҳад дошт?
1292

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои назорат дар самти фаъолияти низоми таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ ниҳоди нав созмон додааст. Дар ин бора Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 сентябр имзо шудааст.

Ниҳоди навтаъсис Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон унвон дошта, давоми 2 моҳи оянда ба кор шуруъ мекунад.

Тибқи қарори мазкур вазифаи Кумитаи мазкур таҳия ва амалисозии сиёсати ягонаи давлатӣ дар самти таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ мебошад.

“Шумораи ниҳоии кормандони Кумита аз ҳисоби ихтисори воҳидҳои корӣ дар ташкилотҳои буҷетӣ 42 воҳид (бе ҳайати хидматрасон) муқаррар карда шавад”, - омадааст дар матни қарор.

Ба раиси Кумитаи мазкур иҷозат дода шудааст, ки 2 нафар муовин, аз ҷумла як муовини якум дошта, дар ҳайати 7 нафар ҳайати мушовара таъсис диҳад.

Дар ҳамин замина, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ вазифадор шудааст, ки кумитаи навтаъсисро бо бинои маъмурӣ таъмин намояд.

Бояд гуфт, ки феълан дар Ҷумҳурии Тоҷикистон назорат дар самти маориф ва татбиқи ин сиёсат бар зиммаи Вазорати маориф ва илм ва Агентии назорат дар соҳаи маориф аст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД