Баъди 5-6 рӯз вақте ҳамсояҳо аз соҳибхона куҷо шудани онҳоро мепурсанд, соҳибхона занар талоқ дода, ҳардуяшонро раҳо карданашро мегӯяд.
Аксари одамоне, ки ин ҷо зиндагӣ кардаанд, гӯё рӯҳи соҳибхонаро дидаанд. Барои ҳамин ҳам зуд хонаро тарк мекардаанд.
Содиқ сухани Одилро бурида пурсид:
-Соҳибхона ҷомаи сиёҳи дароз ва кулоҳ мепӯшидааст?
-Ба чашми ҳама ҳамин гуна менамудааст?-тасдиқ кард Одил ва ҳайратмез пурсид,- Шумо аз куҷо меднед? Ё ба назари Шумо ҳам намуд?
-Ман не ҳамсарам, дирӯз бегоҳӣ аз дарвоза даромадани марди сиёҳҷомаи кулоҳдорро дидааст. Он мард ба ҳамсарам нигоҳи сарде афканда ба тарафи чормағз рафтааст. Вақте аз кор ба хона рафтам, занам ҳунггосзанон дар назди дар мегирист.
- Ҳаа, фаҳмо! Аз ин бармеояд, ки ба назари ҳамсари Шумо ҳам намудааст. Содиқ хубаш он хонаро тарк кунед!
Содиқ ба фикр фурӯ рафт, охир аз ин хона барояд, дигар ба куҷо ҳам меравад? Ба хонаи модараш равад, боз ҳамон таънаву маломат ва сарзаниши баҳудаву беҳуда оғоз меёбад. Бе ин ҳам онҳо базӯр баъди интизориҳои зиёд соҳиби фарзанд гаштанд. Кӯдак ҳоло таваллуд нашуда бошад ҳам, завҷааш ӯро дар вуҷудаш парвариш мекунад...
Содиқ баъди чанд лаҳзаи сукут оҳи сарде кашида гуфт:
-Одилҷон, мо ин хонаро тарк карда наметавонем.
хххххххххххххх
Зарифа дар хона танҳо менишаст. Ӯ баъди дидани шабаҳ доим дар ҳарос буд. Ҳамин вақт шавҳараш ба хона омад. Содиқ бо худ як саги калони чӯпонӣ оварда буд. Зарифа сагро дида “Содиқҷон, ин сагро аз куҷо гирифтеду барои чӣ овардед?” гӯён, ба пурсупос сар кард.
-Барои ту овардам, азизам, охир дар хона танҳоӣ-ку. Саг бошад ҳам, ҳамроҳ аст, ҳамин тавр не!?
- Ҳааа, ин тавр гӯед, саги хеле зебо будааст.
-Ҳа зебост. Инро дар таги чормағз баста мемонам.
Содиқ сагро басту ба хона даромад. Бегоҳ нашуда саг гӯё дар рӯ ба рӯяш одамро дида истода бошад, ба аккос задан даромад. Ӯ назди саг устухоне ҳаво дода, оромаш кард, вале....
ххххххххххх
Соатҳои 2 : 00- шаб саг ончунон сахт аккос зад, ки Содиқ аз ҷояш парида хест. Сукути шабро танҳо садои гӯшхароши саг халалдор мекард. Содиқ синчакорона ба атроф нигарист, саг танҳо ба як самт чашм дӯхта, вак - вак мекард, аммо дар атроф касе ба назар намерасид. Суханҳои дӯсташ Одил дар бораи арвоҳи соҳибхона ба ёдаш заду тарсида боз сарашро ба кӯрпа печида хоб рафт. Саг боз сахттар аккос зад, аммо Содиқ ин дафъа ба ҷакидани ҷонвар эътибор надод.
хххххххх
Саҳар Содиқ аз хоб бедор шуда барои хабар гирифтани саг рафт. Аммо саг зинда набуд. Ин ҳолро дида Содиқ ба ваҳшат афтид ва тамоми ҷисми сагро аз назар гузаронид, лекин дар он ягон ҷойи бадани ҷонвар ҷароҳате дида намешуд.
Ҳей чӣ кор мекунед? - гуфтани Зарифа Содиқро тарсонд. Мард бо рангу рӯйи парида “саг мурдааст” гӯён, пичиррос зад.
- Чаро мурдааст? - ҳайратомез пурсид Зарифа. - Содиқҷон имрӯз якшанбе аст, ба кор намеравед - а?
- Ҳа якшанбе. Имрӯз истироҳат аст,–тасдиқ кард Содиқ ва мурдаи сагро бардошта ба як тарафи ҳавлӣ бурду гӯр кард. ххххххх
Қарибии нисфирӯзӣ ҳамкораш Одил ба хонаи Содиқ омад.
-Биёед Одилҷон хуб ҳастед? Чӣ ҳол доред?
- Раҳмат Содиқ хубам. Аз Шумо як илтимос доштам, агар розӣ бошед, аспамро оварда, дар замини Шумо бандам!?
-Бемалол Одилҷон, бе ин ҳам алафҳояш беҳуда хушк шуда мераванд.
-Ҳа, хуб ҳозир аспамро меорам,-гӯён Одил барои овардани аспаш рафт.
Одил аспашро овард, аммо, асп баъди аз дарвоза даромадан чормағзро диду дигар як қадам ҳам пеш нагузошт. Ҳарчанд Содиқ бо чӯб аз қафои асп нихта мекард, аммо фоида надошт. Одил аз пеш нарафтани асп ба худ хулоса бароварда гуфт:
- Истед Содиқ назанед. Ба фикри ман дар таги ин чормагз ё шабаҳ ё ҷине ҳаст. Агар чизе намебуд, асп пеш мерафт. Ҳозир асп ба онҳо ғолиб ояд, баъди андак пеш меравад. Аммо мағлуб шавад, дигар ҳеҷ гоҳ ба тарафи чормағз наздик намешавад. (Давом дорад)
Абдуғаффор Шодиев
(Тарҷума аз ӯзбекӣ)