Arzon march 2024
ТОЛЕЪНОМАИ 21 -УМИ ЯНВАРИ СОЛИ 2022
21.01.2022
ОИЛА
3567

 

Ҳамал (21 март-20 апрел)

Нуқтаи назари худро иброз намуда, боиси ранҷиши нафарони зиёде мегардед. Ҳатто бо нафарони воломақом баҳс намуда, ба худ душман мехаред. Безобитагӣ боиси бехобӣ ва асабонияти шумо мегардад. Шумо бояд танҳо бо нафароне робита намоед, ки боиси болидаруҳиятон мегарданд. Меҳрубониву гузашт карданро танҳо ба шахси дӯстдоштаи худ раво бинед.

Савр (21 апрел-22 май)

Барои ба мақсад расидан кӯшиши зиёд ба харҷ доданатон лозим меояд. Бо ҳамкорон муноқишаву бо дӯстон баҳсу мунозира имкон дорад. Мулоқоти ошиқона нимаи дуюми ҳафта хеле гуворо мегузарад. Эҳтимоли ҷароҳат бардоштанатон зиёд аст. Аз мавзеҳои сохтмон ва хатарнок дурӣ ҷӯед. Муносибати худро бо дӯстдоштаатон бо сабабҳои ночиз ва хафагӣ вайрон насозед.

 

Ҷавзо (23 май-21 июн)

Дар ин рӯз зимни робита бо нафарони калонсоли оилаатон нофаҳмӣ рух медиҳад. Муносибати ошиқонае, ки дар ин рӯз сар мезанад, то ақди никоҳ мерасонад. Аз истеъмоли хӯроки душворҳазм худдорӣ намуда, бештар меваву сабзавот истеъмол намоед. Барои харидорӣ намудани лавозимоти рӯзгор рӯзи мусоид аст. Аз набудани маблағи пулӣ ташвиш накашед, вазъият ба зудӣ рӯ ба беҳбудӣ меорад.

 

Саратон (22 июн-22 июл)

Ба саволҳои зиёде, ки вақтҳои охир ташвишатон медоданд, посух ёфта метавонед. Бо наздикон муноқиша имкон дорад, вале ба ҷанҷоли калон роҳ намедиҳед. Дарди сари шумо бар асари каҷшавии сутунмуҳра ва ҷамъшавии намак дар чисматон сар зада метавонад. Барои табобат маҳс гирифтану машқ карданатон лозим аст. Агар нақшаи мулоқоти ошиқонаро дошта бошед, дӯстдоштаи худро пешакӣ огоҳ намоед.

 

Асад (23 июл-23 август)

Дар ин рӯз зимни робита бо атрофиён нофаҳмӣ имкон дорад. Ҳатто бо дӯстони қарин забон ёфтанатон душвор мегардад. Аксари асадҳо аз сухани гуфтаи худ пушаймон мешаванд. Эҳтимол кори муҳимеро фаромӯш месозед. Саломатӣ ташвиш намедиҳад, вале ин маънои онро надорад, ки бепарво бошед. Ҳар субҳу шом машқи бадан ва сайругашт тавсия дода мешавад.

 

Сунбула (24 август-23 сентябр)

Дар давоми рӯз касбияти худро чандин бор нишон доданатон лозим меояд. Ба рашку шубҳа роҳ надиҳед. Дӯстдоштаи шумо хоҳиши танҳо буданро дорад. Аз ҳад зиёд ғами саломатиро нахӯред. Кори вазнин шуморо хаста намекунад, балки болидарӯҳ месозад. Агар баъди кор истироҳат кардан мехоста бошед, дар хона ин кор ба шумо даст намедиҳед. Маблағи пулӣ дар назар нест.

 

Мизон (24 сентябр-23 октябр)

Рӯзи бобарор аст, имкони беҳтар сохтани вазъи зиндагиро пайдо месозед. Атрофиён аз шумо кӯмак мепурсанд. Кӯмак расониданатон хуб аст, вале аз меҳрубониятон истифода бурданро иҷозат надиҳед. Аз хасташавӣ ва кори вазнин худдорӣ намуда, саломатиро хуб нигоҳ медоред. Нафарони муҷаррад бахти худро пайдо сохта метавонанд. Азбаски даромади пулиятон чандон хуб нест, ба хароҷоти беҳуда роҳ надиҳед.

 

Ақраб (24 октябр-22 ноябр)

Аввали рӯз корҳои муҳимро ба нақша нагиред. Нимаи дуюми рӯз дар корҳои шахсӣ ва молиявӣ чунон корҳоятон барор мегиранд, ки рашки атрофиён меояд. Вазъи саломатӣ аз табъи хуш ва болидаруҳӣ вобастагӣ дорад. Шахси дӯстдоштаатон ба меҳрубонии шумо ниёз дорад.

 

Қавс (23 ноябр-21 декабр)

Бадхоҳонатон дар ин рӯз шуморо зиёд бадгӯӣ мекунанд. Тамоми овозаву буҳтонро рад кунед, вале аз гапи ҳақ сарпечӣ накунед. Баъзан муносибати атрофиён нисбати шумо боадолатона нест. Эҳтимоли аз даст додани маблағи калон дар назар аст, чизи қимматбаҳоеро гум мекунед. Ғизои солим бояд дар ҷои аввал истад, ҳамзамон ба мушаку буғумҳо фишор наоред. Барои он ки корҳоятон хуб ҷараён гиранд, аз рӯйи нақша амал намоед.

 

Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)

Рӯзи хубест барои хариди калон. Агар бо амри дил амал намоед, имкони ба даст овардани маблағи хубро пайдо месозед. Бо варзиш машғул шуда, субҳгоҳон машқи бадан кунед. Вақт пайдо намуда, ба дӯстдоштаи худ изҳори муҳаббат намоед. Корҳои нотамом шуморо лаҳзае ором намегузорад, зеро аз пешравияш вазъи молиявиатон вобастагӣ дорад.

 

Далв (21 январ-20 феврал)

Аз нигоҳи иқтисодӣ субҳи бобарор меояд, метавонед бемалол ба мағозаву бозор равед. Сафарҳои ғайринақшавӣ бобарор анҷом меёбанд. Дар муносибат бо шахсе, ки дӯсташ медоред, бо сабру таҳаммул бошед ва аз муноқиша худдорӣ намоед, хусусан нисбати нафаре, ки худашро дӯст медорад. Бо парҳез машғул шуда, саломатиро нисбатан беҳтар месозед. Рӯзи хубест барои кӯмаку дастгирии дигарон.

 

Ҳут (21 феврал-20 март)

Бо сабаби серкорӣ вазъи саломатиятон бад мегардад. Эҳтимоли ба даст омадани маблағи пулӣ дар назар аст. Ҳатто нафароне, ки дар соҳаи тиҷорат таҷриба надоранд, бурд мекунанд. Барои беҳтар сохтани вазъи саломатӣ бештар дар ҳаракат бошед. Оббозӣ дар оби гарм ва чойи лимӯдор хобатонро бароҳат месозад. Нафароне, ки бо дӯстдоштаи худ қаҳрӣ буданд, оштӣ мешаванд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД