Маҳсулоти лозима:
1кг гўшти гўсфанд 2 пиёз 8 тухм 200 г панири сахт намак, мурчи сурх Тарзи таҳия: Пиёзро реза ва бирён кунед. Гўштро пора карда ба ҳамон тобаи пиёзпухтаистода андозед. Намаку мурч пошида, 10 дақиқа дам партоед.
Тухмро лат зада, панирро аз сурохиҳои васеи турбтарош гузаронед. Гўштро ба тобаи равғанин гузошта тухм ва аз болояш панири тарошидаро пошеду намаку мурч карда дар тафдон пазед.