Беш аз як ҳафтаи охир хонандагони сомона дар мавриди он мепурсиданд, ки чаро Зулайхо Маҳмадшоева матолиби саҳифаи Инстаграмашро пурра пок карда, ба ҷойи акси асосиаш пасманзари сиёҳ мондааст.
Онҳо аз он метарсиданд, ки ба сари ӯ нохушие наомада бошад. Мо низ барои тасдиқи ин иддао вориди сафҳаи ин бонуи ҳунар шудем ва тасдиқ гардид, ки воқеан дар таблои матолиби ӯ ба истиснои як порчаи суҳбати Зулайхо дар барномаи “Ногуфтаҳо” чизи дигаре набуд.
Он замон мо ба хотири фаҳмидани асли масъала бо худи Зулайхо, продюссераш ва наздикони сароянда тамос гирифтем, вале шарҳи онро фаҳмида натавонистем. Аммо, чанд ду рӯз баъд худи сароянда дар сафҳааш сабаби чанд рӯзи “хомушӣ”-ашро шарҳ дода, баён дошт, ки ягон мушкилӣ надорад ва дар истироҳат аст.
Инак, ин бонуи овозхон дубора матолибашро барқарор кард ва алалкай аз як навгонии худ бо Валиҷон Азизов иттилоъ дод. Онҳо ба наздикӣ дуэт пешниҳод карданианд ва ҳоло кор болои намоҳангаш идома дорад. Зулайхо, ки аксу наворҳояшро вориди бойгонӣ карда буд, дигарбора ба сафҳаи асосиаш баргардонид.
Бояд гуфт, ки Зулайхо Мамадшоева дар инстаграмм беш аз 1 миллиону 300 ҳазор обуначӣ дошта, ҳамарӯза наворҳои ҷолиб нашр мекард.