Ишқи пинҳонии Зулайхо
Шумораи мухлисону ҳавдорони филмҳои туркӣ дар Тоҷикистон торафт меафзояд. Силсилафилмҳои туркӣ бо ҳодисаҳои печ дар печи худ тамошобинони тоҷикро он қадар волаву шайдои худ гардонидаанд, ки хурду калон баробари қаҳрамонҳои ин филмҳо механданду мегирянд. Вақтҳои охир дар забони ҳама ошиқони филмҳои туркӣ танҳо исми Зулайхо ва Илмоз аз силсилафилми “Рӯзгороне дар Чукурово” давр мезанад. Ин филми ошиқона ончунон пурмоҷарост, ки кас намедонад ба сари қаҳрамонҳояш боз чӣ санҷиш ва кулфатҳои нав омада метавонанд. Андешаҳо дар боби ин филми ҳаяҷоновар ва қаҳрамонҳояш гуногунанд, яке мегӯяд дар зиндагии воқеӣ низ Зулайхо ҳамсари ҳунармандест, ки нақши Дамир-хонро мебозад, дигарӣ ӯро маъшуқаи Илмоз мепиндорад, саввумӣ бар он назар аст, ки ин зебосанами сабзчашм бо шахси дигар издивоҷ намудаасту фарзанд ҳам дорад...
Барои фаҳмидани ҳақиқати ҳол асрори зиндагии ин нозанинро мо аз саҳифаҳои интернет ҷустуҷӯ намуда, маълумотҳои аҷиб пайдо кардем.
Фариштаи сабзчашм
Нақши Зулайхоро дар силсилафилми “Рӯзгороне дар Чукурово” актрисаи ҷавон ва хеле зебои турк Ҳилол Алтинбилик хеле ҷаззобу таъсирбахш офаридааст. Ин фариштаи сабзчашм бо чеҳраи малакутӣ, нигоҳи ошиқкуш ва садоқату ҷасорату далериаш дар роҳи ишқ тамошобинро ба ҳайрат меорад. Биёед, саҳифаҳои китоби зиндагии ин нозанини ҳунармандро якҷоя варақ мезанем.
Ҳилол Алтинбилек кист?
Ҳилол Алтинбилек 21-январи соли 1991 дар Измир ба дунё омадааст. Волидони актриса аслан аз Хорватия бошанд ҳам, Ҳилол худро турк меҳисобад. Ҳанӯз аз даврони мактабӣ ӯ ба театр ва кино шавқу рағбати беандоза дошт ва ҳамин муҳаббати кӯдакона Ҳилолро ба театр-студияи кӯдакона, ки онро яке аз чеҳраҳои шинохтаи санъати турк Алӣ Ҳайдар Алчигин роҳбарӣ мекард, бурд. Маҳз дар ҳамин студияи кӯдакона сабақи нахустини ҳунари актёриро омӯхта, Ҳилол қарор дод, ки дар оянда актриса мешавад ва бо мақсади амалӣ намудани орзуи наҷиби худ соли 2009 ба Actor Studio MSM дохил шуд. Ҳамин тавр роҳи ӯ ба олами синамо кушода шуд ва коргардонҳои машҳури турк явош-явош ин духтараки фариштарӯйро, ки чашмони сабзи баҳоргунааш бо як нигоҳ дили касро асиру волаи хеш мегардониданд, ба филмҳои худ даъват мекардагӣ шуданд.
Обҳои тира-оғози роҳ
Аввалин филме, ки Ҳилол дар он нақш бозидааст “Обҳои тира” ном дошта, достони зиндагии насли нави турк аст, ки ҳодисаҳои як рӯзи пурмоҷаро ҳаёташонро ба пуррагӣ тағйир медиҳад. Қаҳрамони офаридаи Ҳилолро дар оғози филм бе ҳушу бе ёд пайдо мекунанд, вале баъдан оҳиста-оҳиста хотирааш барқарор мегардад ва духтар аз ба ёд овардани ҳодисаҳои он рӯзи пурдаҳшат қариб девона мешавад..
“Обҳои тира” ба актриса шӯҳрати бузург наоварда бошад ҳам, роҳи Ҳилолро ба олами синамо боз намуд ва баъди чанд вақт ӯро ба филми наве даъват намуданд, ки “Садбарги сиёҳ” ном дошт. Дар ин филм вай нақши Озлемро бозида, ба тамошобин худро ҳамчун актриссаи хеле бомаҳорат шиносонд. Пас аз ин филм Ҳилолро мардум дар кӯчаҳо мешинохтагӣ шуданд ва шумораи мухлисонаш рӯ ба афзоиш ниҳод...
Зинаҳои шӯҳрат
Пас аз ин Ҳилол Алтинбилек дар филмҳои “Ишқи зиндагии ман” ва “Кӯдаконамро ба ту бовар мекунам”нақш бозида бошад ҳам, шуҳрати ҳақиқиро ба актрисаи ҷавон сериали “Рӯзгороне дар Чукурово” овард. “Рӯзгороне дар Чукурово” достони ишқи ду ҷавони шаҳрии турк аст. Илмоз бо тамоми ҳастӣ ошиқи зори Зулайхо аст ва дилдодагон барои издивоҷашон тайёрӣ мебинанд, аммо дар ин миён бародари беномуси Зулайхо хоҳарашро дар қимор ба як марди сарватманд бой медиҳад. Вақте ки Илмоз аз ин моҷаро хабардор мегардад, аз қаҳру ғазаб хун ба сараш зада, мардеро, ки мехост номуси маҳбубаи ӯро доғдор созад, мекушад. Пас аз ин фоҷиа ошиқон маҷбур мешаванд, ки рӯ ба гурез ниҳода, аз шаҳри Истамбул ба Чукуровои дурдаст фирор намоянд ва дар хонаи як сарватманди маҳаллӣ хизматгор шаванд. Дар ин ҷо онҳо бо бозии навбатии тақдир рӯ ба рӯ мегарданд. Илмоз ба ҳабс меафтад. Зулайхо маҷбур мешавад, ки барои аз марг наҷот додани Илмоз шарти бойзанеро, ки дар хонаи онҳо хизматгор буд, қабул намуда, ҳамроҳи писари ӯ арӯсӣ намояд. Расман ҳамсари Дамир бошад ҳам, ҳушу ёди Зулайхо ҳамеша бо Илмоз банд аст ва мехоҳад мисли кабки қафас ҳар чӣ зудтар аз банд озод шуда, ба сӯйи марди дӯстдоштааш парвоз намояд, вале ҳар дафъа дар сари роҳи дилдодагон монеаҳои нав ба нав пайдо мешаванд...
Чанд далели аҷиб дар бораи Ҳилол
Ҳилол духтари қоматбаланд буда, баландии қадаш 1, 68 см мебошад, вале ҳамагӣ 48 кг вазн дорад. Аксари тамошобинон гумон мекунанд, ки вай мӯйҳояшро ранг мекунад ва ба чашмонаш линза мегузорад, вале дар асл чашмони Ҳилол сабз буда, ранги мӯяш низ табиӣ аст. Актриса варзишро хеле дӯст медорад ва ошиқи бадминтон аст. Актриса дар Инстаграм саҳифаи шахсии худро дорад, ва шумораи муштариёнаш ба 185000 расидааст. Ин зебосанам дар “В контакте” ва Твиттер низ фаъол аст, вале то ҳол дар Фейсбук саҳифаи расмии худро боз накардааст. Ҳилол то ҳол издивоҷ накардааст, вале сару садоҳо дар бораи қиссаҳои ошиқонаи ин паричеҳраи машҳур хеле зиёданд...
Аз овоза то ҳақиқати ишқбозиҳои Ҳилол
Пас аз сериали “Садбарги сиёҳ” журналисони хира Ҳилолро бо ҳунарманди ҷавон Идо Татлисес дар Бодрум дида, гӯшу ҳуш гаштанд, ки ин ҷо чӣ сирре ниҳон бошад, вале ба саволи хабарнигорон дар бораи муносибатҳояшон Ҳилол ҷавоб додан нахост, Идо бошад, дарҳол гапро ба шӯхӣ бурда, гуфт, ки “дам гирифтан бо чунин духтари нозанин ва машҳур барояш бисёр хушоянд мебошад...” Дертар хабарнигорон ин ҷуфтро дар Бебек боз ҳамроҳ диданд ва саҳифаҳои рӯзномаву маҷаллаҳо пур аз хабарҳои ҳангомавӣ дар бораи ишқи ин ду ҳунарманд гаштанд, вале баъдтар маълум гашт, ки дар асл онҳо фақат дӯст будаанду халос.
Дар соҳили баҳр
Пас аз чанд вақт Ҳилолро дар соҳили баҳр бо ҳамбозиаш аз сериали “Садбарги сиёҳ” Мерт Язидҷиоғлу диданд. Журналистон боз ҳангома сар карда, дар бораи қиссаи ишқу ошиқии Ҳилол сад достон бофтанд, аммо ин дафъа низ тарашон хок хӯрд. Мерт ошкоро гуфт, ки ӯ ошиқи Айчей Айшин Туран мебшад ва бо Ҳилол танҳо ҳамчун дӯсти қарин ва ҳамкасб якҷоя ба дамгирӣ рафта буданд.
Ишқ ё дӯстӣ?
Вақтҳои охир дар байни мардум миш-мишҳо дар бораи муносибатҳои ошиқонаи Ҳилол бо Карим Алишак ва Уруг Гюнеш хеле зиёд буданд, аммо актриса ин овозаҳоро низ рад карда мегӯяд, бо ин ду мард фақат муносибати дӯстона дорад.
Ҳилол то ба имрӯз марди дилхоҳашро пайд накардааст, вале умед мебандем, ки ба зудӣ ин фариштаи сабзчашм бо шоҳзодаи орзуҳояш рӯ ба рӯ гашта, қасри бахти худро бунёд менамояд.