Arzon march 2024
Зулайхо Маҳмадшоева барои бибиаш дар Душанбе хонаи нави замонавӣ харид
2187

Ситораи эстрадаи тоҷик Зулайхо Маҳмадшоева барои модаркалонаш дар шаҳри Душанбе хонаи нави замонавӣ харидааст. Дар ин бора худи бону Зулайхо дар сторизи Инстаграм хабар медиҳад.
Зулайхо Маҳмадшоева навиштааст, ки кайҳо боз орзу дошт барои момаҷонаш, ки дар Фархор зиндагӣ мекард, хона харида, ӯро ба шаҳр кӯчонда биёрад, то ки бибиҷонаш дар наздикии худаш зиндагӣ кунад. Ниҳоят он рӯзи деринтизор фаро расид ва имконият даст дод, ки ин орзуи бузурги худро амалӣ гардонад.
Дар навор дида мешавад, ки чи тавр як зани миёнасоли кушодачеҳра, ки аз рӯяш нур меборад, вориди хонаи зебое мегардад ва Зулайхо бо меҳру муҳаббати зиёд ӯро истиқбол гирифта ба оғӯш мекашад.
Хонае, ки Зулайхо Маҳмадшоева барои модаркалонаш харидааст, бо мебелҳои замонавӣ ва ҷиҳози зарурии рӯзгор таъмин буда, хеле зебо таъмир карда шудааст.
Зулайхо навиштааст, ки ба қадри модару момаҳо бояд расид, зеро баракати зиндагии ҳар як инсон маҳз онҳоянд.
Бону Зулайхо тамоми комёбиҳои худро дар зиндагӣ аз баракати дуои неки момаҷонаш медонад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД