Arzon march 2024
Зуком шудани зани ҳомила чӣ хатар дорад?
28.09.2024
ОИЛА.ТҶ
698

Салом! Ман ҷавонзани 20-сола ҳастам ва фарзанди аввалинамро интизорам. Донишҷӯ ҳастам ва субҳи барвақт ба дарс меравам, шояд аз ҳамин сабаб бошад, ки тез-тез грип мешавам. Модарам маро сарзаниш карда мегӯянд, ки худамро эҳтиёт карда, либоси гарм пӯшам, чунки ин беморӣ ба тифли батнам зарар расонида метавонад. Грип чандон касалии хатарнок нест, он ба кӯдак чӣ зарар расонида метавонад?

ДИЛНОЗА, сокини шаҳри Турсунзода

Посух:

- Бисёриҳо зукомро ҳатто беморӣ ҳисоб намекунанд, вале дар асл касалии хатарнок аст, махсусан барои занони ҳомиладор. Табобат накардани зуком метавонад боиси ба бемориҳои дигари вазнин аз ҷумла пневмония гирифтор шудани зани ҳомила гардад. Зукомро аз сар гузаронидани зан дар семоҳаи дуюми ҳомиладорӣ хатари бештар дорад, чунки дар ин давра бачадони зан калон шуда, ба шуш фишор меорад. Барои пешгирии зуком зани ҳомила бояд ғизоҳои сервитамин истеъмол карда, иммунитети худро пурқувват созад ва аз одамоне, ки ба зуком гирифтор ҳастанд, худро дур гирад. Роҳи дигари пешгирии зуком ҳавои хонаро тез-тез тоза карда истодан мебошад. Дар сурати пайдо шудани нишонаҳои аввалини зуком аз қабили атсазании бардавом, рафтани оби бинӣ, сулфа ва баландшавии ҳарорати бадан фавран ба духтур муроҷиат кардан лозим аст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД