Чанде қабл сомонаи Оила. ТЧ сӯҳбати видеоиеро бо овозхони ҷавон Гулдона Алиёрзода манзури муштариёни хеш гардонида буд. Пас аз пахши ин барнома сару садоҳо дар бораи ин хонуми ҳунарманд афзуданд. Яке мегӯяд, ки шумораи душманони Гулдона Алиёрзода якбора зиёд гашта, бархе аз бадхоҳонаш таҳдид намудаанд, ки Гулдонаро мекушанд, дигарӣ иддао дорад, ки ин зебосанам тарки саҳна намуда, пурра бо тоату ибодат машғул аст, саввумӣ ҳадс мезанад, ки Гулдона ба Қадами Қурбон ба шавҳар баромада, моҳи асалро аз сар гузаронида истодааст. Барои фаҳмидани асли гап мо ба Гулдонабону занг задем.
-Гулдонабону, рост аст, ки баъди барномаи мо шуморо таҳдид карда истодаанд?
-Мутаасифона, ин овоза ҳақиқат дорад ва шахсоне пайдо шуданд, ки ба ман занг зада, таҳдид мекунанд.
-Афроде, ки шуморо таҳдид мекунанд кистанд ва ҳадафашон чист?
-Ба ман аз зиндони шаҳри Самараи Русия занг зада, таҳдиди куштан намуданд, вале ростӣ ба ин гапҳо чандон аҳамият намедиҳам. Шукри худо мо дар давлати демократию ҳуқуқбунёд зиндагӣ карда истодаем. Дунё бе соҳиб нест, ки ҳар кӣ ҳар чӣ хоҳад, кардан гирад.
-Ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ муроҷиат накардед?
-Кардам. Боварӣ дорам, ки лаҷомашонро мекашанд.
-Дар бораи муносибатҳои шумо бо Қадами Қурбон низ сару садоҳо хеле зиёданд...
-Медонам. Овоза паҳн кардаанд, ки гӯё ман зани дуюми Қадами Қурбон бошам, вале ин гапҳо ягон асос надоранд. Байни мо ягон вақт ишқу муҳаббат набуд, нест ва буда ҳам наметавонад. Мо танҳо дӯст ва ҳамкасб ҳастем. Акаи Қадам ҳамчун мард фақат ба зани худаш насиб кунад!
-Аксари ҳунармандон ин шабу рӯз аз тарси каронавирус ба тӯю маъракаҳо намераванд. Шумо ҳам гӯшанишинӣ ихтиёр кардед ё...
-Мо, сарояндаҳо ризу рӯзиамонро аз тӯю хурсандии мардум меёбем. Азбаски ман зани танҳо ҳастам, маҷбурам, ки аробаи зиндагиамро илоҷе карда худам пеш барам. Фақат такя ба худованд намуда ба тӯю маъракаҳо меравам, то ки ба ҳар марду номард зору муҳтоҷ нашавам.
-Боз мегӯянд, ки Гулдона ҳиҷоб пӯшида, гӯшанишин шудааст...
-Ман ният дорам, ки хонаи худоро зиёрат карда, бибиҳоҷӣ шавам. Худованд, агар маро ба ҳамин муроди дилам расонад, мисли Малика Саидова тарки саҳна мекунам, вале то он вақт касе Гулдонаро аз саҳна дур карда наметавонад.
-Муваффақ бошед!