Чӣ?-Аз суоли "дӯстдошта доред?" –и Ситора Моҳигул ҳайрон шуд.
- Мегӯям дӯстдошта доред?
-Не надорам.
-Безеб-ку! Ин қадар зебо будаеду ягон дӯстдошта надоред! Ҳа, албатта ҷавонписарон имрӯз бештар ба сарвати духтарон чашм медӯзанд. Онҳо ба духтарони камбағал нимнигоҳе ҳам намекунанд...
Моҳигул аз ин суханони духтарак дарғазаб шуд.
-Чаро ин тавр мегӯед? Духтарони камбағале, ки хушбахт шудаанд, хеле зиёданд.
-Аз берун ҳамин тавр менамояд, аммо, дар зиндагӣ онҳо як умр зери таънаву маломати мардум қарор мегиранд. Ҷиҳози хуб, ки намебаранд, хушдоманҳо оромашон намегузоранд. Падари ман бошад аллакай барои домодшаванда мошини замонавӣ харидааст.
-Шояд... Аммо ман ба фикри Шумо розӣ нестам...
Моҳигул зуд-зуд корҳояшро мекард, зеро ӯ намехост дигар ба ҳарфҳои Ситора гӯш диҳад.
- Чаро ба фикрам розӣ нестед? Маро бинед, ҳоло мактабро ба итмом нарасидааму дар гирдам ошиқон парвона, аммо шумо ақаллан як дӯстдошта надоред.
- Ба Шумо як суол диҳам ба дилатон намегиред?
- Не, марҳамат диҳед.
-Шумо як духтари калон ба ҷойи мардикор гирифтан кору бори хонаро худатон кунед намешавад?
-агар ҳама корҳои хонаашро худаш кунад, он гоҳ ба Шумо барин мардикордухтар кор намемонад. Мо бо ин корамон ба шумоён ҳиммат мекунем...
Моҳигул чунон ба ғазаб омад, ки мехост ба рӯйи духтарак торсакие занад, вале базӯр худашро дошт, зеро ин корро карда наметавонист. Вай танҳо дастаи ҷӯробро дар кафаш маҷақ карда “маълум мешавад, ки ҳаққи хизматамонро доданатон мисли садақа будааст-да” гуфта монд.
-Чӣ хеле, ки меххед, фикр кардан гиред...
Моҳигул ба зудӣ ҳама супоришҳоро ба иҷро расонд, зеро дилаш мехст зудтар ин хонар тарк кунад. Баъди ба итмом расидани кор духтарак музди онҳоро дод. Ӯ пулро ду тақсим карда нисфашро ба Барно ва нисфи дигарашро ба Моҳигул дароз карду гуфт:
-Маҳ, гир, ин ҳаққи хизматат.
Аз муомилаи нописандонаи духтарак дили Моҳигул реш шуд, худро хору залил ҳис кард ва ба ғазаб омада бо ситеза гуфт:
-Пулат аз сарат монад! Ман ба садақа мӯҳтоҷ нестам. Аз пул ҳам баландтар ғурур дорам...
Вай инро гуфта, пулро нагирифта баромада рафт. Ситора аз ин рафтори Моҳигул ҳайрон монд. Барно аз қафои Моҳигул ҷеғ зад:
- Эй духтар ист, охир ин пули бо арақи ҷабин ёфтаат аст-ку, вале вай ба пасаш ҳатто нимнигоҳе ҳам накард.
Барно ба Ситора нигариста пурсид:
-Байнатон ягон нофаҳмӣ шуд ё гапи сахте гуфтед?
Ситора ба суоли Барно ҷавоб надода аз қафои Моҳигул шитофт ва ба вай наздик шуда аз дасташ дошту гуфт:
-Ин чӣ кори кардаатон, охир ман ҳаққи хизмататонро додам! Гиред инро!
-Аз ту баринҳо як дирам ҳам намегирам. Ман... ман... - Моҳигул худро дошта натавониста инони гиряро сар дод. Ситора ҳоли духтаракро дида, дилафгор шуд.
-Чаро ин тавр мекунед? Гиред пулатонро. Ба шумо ягон гапи сахт зада бошам, маро бубахшед.
Моҳигул ба Ситора нигоҳ карда бо алам гуфт:
-Ман ҳам мехостам мисли ту дар оғӯши гарми волидайн бошам, аммо зиндаятимам. Яккаю ягона модаркалонам чанд вақт боз бемор аст. Барои дорувориҳояш пул лозим, вагарна кори хонаи ту барин духтарҳои мағрурро карда намегаштам. Дили Ситора ҳам аз гиряи Моҳигул об шуд ва худаш ҳам гиря карда фиристод ва “илтимос, маро азоб надиҳед, гиред пулатонро” гӯён, ба илтиҷову зорӣ гузашт.
Ин дам Барно ҳам расида омад. Вай аз дасти Ситора пулро гирифта “гиря накун хоҳарам, садқаи оби дидаат шавад”- гӯён аз дасти Моҳигул гирифта рафт.
Ситора ҳамоно аз қафои мардикорон ангушти таассуф газида меистод. Ӯ сахт пушаймон буд.
(Давом дорад)