Sebiston new 2024 october
Зиндагии талхи мардикордухтар (Қисми 6)
3436

 

Соҳибхона аз  таҳдиди Барно тарсида  пулро даррав баровард, аммо ба хизмати баъдинаи онҳо пул надод.

Моҳигул ва Барно аз хона баромада рафтанд. Дили Моҳигул аз дидани он муҳит ҳанӯз ғамгин буд. Барно ба Моҳигул нигариста “Хоҳарам, ҳоло Шумо ҷавонед ба ҳар хел гапҳо аҳамият надиҳед. Маро маъзур доред, аммо шояд ба саратон аз ин ҳам рӯзҳои вазнин ғалтад. Мардикорӣ барои зан ҳамин хел душвор аст.  Дар лабонам табассум бошад ҳам дар ин дунё ман ҳам рӯзу рӯшноӣ надидам. Шавҳарам дар Афғонистон хизмат  кардааст. Ӯ аз он ҷо бо дарде баргашт ва бо ҳамин як умр маъюб шуд. Нафақаи мегирифтааш ба доруву дармони худаш намерасад. Ман ҳам мехоҳам мисли баъзе занҳо дар хона кӯдаконамро тарбия карда шинам, аммо, чи илоҷ... Шумо ба ҷойи он ки аз ин хел гапҳо зиқ шавед, бибиятонро фикр кунед. Ин кор ҳамин тавр аст. Бояд чаққону сахтгап шуд то ҳаққи худро рӯёнида тавонед”-гӯён, ӯро аз мушкилоти мардикорӣ огоҳ кард.

Моҳигул ба Барно маъқул афтод. Онҳо доимо як ҷо буданд, ҳтто оддитарин корро ҳамроҳ иҷро мекарданд. Ба ҳар хел хонаҳо рафта бо ҳар гуна инсонҳо вомехӯрданд, дили баъзе ба онҳо сӯзад бархе онҳоро паст мезаданд. Дар ин байн холаи Саломат ҳам аз беморхона баромад, аммо ҳамоно дардманд буд.

хххххххххххххххххххххххххххх

- Моҳигул ин ҷо биё.

- Лаббай бибиҷон.

- Куҷо рафта истодаиву бо кадом кор машғули?

-Ба апаи Барно ном дӯзанда ёри дода истодаам. Ӯ бениҳоят инсони хуб аст.

- Ту дӯзандагиро наметавонисти-ку?

-Дар вақти дар беморхона буданатон омӯхтам.

- Ҳаа, духтарам ту ба чашм наздикӣ худатро эҳтиёт кун. Тавони ҳамон Барноро гӯй наздам биёяд, миннатдории худро баён мекунам. - Моҳигул "хуб" гӯён саросема баромада ба тарафи мардикорбозор шитофт. Барно бо як зан сӯҳбат карда меистод.

- Э Моҳи омадед. Ин кас дирӯз тӯй карда будаанд барои ҳамин ду-се кор доранд.

Зан ки серкор буд дар як қоғаз суроғаи манзилашро навишта дод ва “ хона равед духтарам ба Шумо чӣ корҳо буданашро мегӯяд ва пулатонро ҳам пардохт мекунад” – гуфт.

Моҳигул ва Барно ба манзили лозима рафтанд. Онҳоро як духтари ҳамсоли Моҳигул бо такаббур  пешвоз гирифт.

- Ҳам модарам Шуморо ҷеғ заданд? Марҳамат биёед. Корро аз шустани чиннивориҳо оғоз кунед, ана баъд боқимондаи корҳоро як -як мефаҳмонам.

Моҳигул ҳамроҳи Барно косаву табақҳоро мешустанд, то ин дам духтарак бо телефон ҳамроҳи як ҷавонписар сӯҳбат мекард.

-Ту ҳоло маро бо мошини нават ягон маротиба ба сайр набурдаӣ,-бо ноз ва баланд ҳарф мезаду духтар.

Моҳигул дар ҳаёташ бори аввал ин хел духтари беҳаёро медид, ки бепарда бо ҷавоне гап мезанад.

Онҳо корро тамом карданд. Барно назди духтар омада пурсид:

-Хоҳарам, мо шудем, боз чӣ кор кунем?

 Духтарак бо даст ишора карда ба ҳамсӯҳбати телефониаш гуфт:

- Баха, баъд сӯҳбат мекунем. Не-не, як - ду нафар мардикор зан оварда будем, кори онҳоро фаҳмонам.

Духтар бо такаббур ба Барно нигариста гуфт:

- Шумо ҳавлиҳоро рӯбед. Шумо духтарак ҳамроҳам биёед, хонаҳоро тоза мекунед.

Ӯ раҳораҳ аз Моҳигул пурсид:

 -Ччӣ ном доред?

- Моҳигул.

- Аз ман Ситора (Юлдуз).

 Духтарак Моҳигулро ба меҳмонхонаи калон дароварда гуфт:

-Дирӯз шоми васли модарам буд. Меҳмонон ин ҷойҳоро сахт бетартиб кардаанд.

Ситора ба Моҳигул корашро фаҳмонда худаш дар болои диван нишаста телевизор тамошо мекард, пипас аз Моҳигул пурсид:

 -Дӯстдошта доред?...

(Давом дорад)

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД