Arzon march 2024
Зиндагии талхи мардикордухтар (Қисми 4)
3394

 

Моҳигул пас аз он ки пулро ба духтур бурд ба хона баргашт. Ӯ ба дарёи хаёлот ғарқ буд ва фикри чӣ гуна зуд пайдо кардани пулро мекард. Ба вай коре лозим буд, ки маоши ҳар рӯзаи ӯро пардохт намояд. Ногоҳ ба ёдаш бозоре зад, ки дар он аксари занҳо нишаста мунтазири кор буданд. Онҳо муздури карда маблағе ба даст меоварданд.

Саҳар барвақт Моҳигул ба сӯйи ҳамон мардикорбозоре, ки дар тасаввураш буд роҳ гирифт. Ӯ ба бозор наздик омад ва аз дур назора кард, ки аксари корҷӯён мардҳо буданд. Онҳо ҳар як мошинро дошта бо миҷоз сӯҳбат мекарданд ва пас аз мувофиқа расиданд ба кор мерафтанд. Дили Моҳигул ин муҳитро дида ғаш шуд. Дар як тарафи бозор, аз мардҳо ҷудо як тӯдаи занҳо меистоданд, ки онҳо ҳам барои дарёфти кор мунтазири мизоҷ буданд. Моҳигул бо ҳазор истиҳола аз занҳо камтар дуртар қарор гирифт ва гоҳ - гоҳ ба сӯйи онҳо менигарист. Як зани тахминан 30-сола, ки дар тан куртаву рӯймоли кӯҳна дошт, аз нигоҳи Моҳигул муддаояшро пай бурда наздаш омад.

- Хуб ҳастед дугона? - Аҳволпурсӣ кард зан.

- Нағз раҳмат.

- Ба фикрам барои кор ёфтан баромадаед?

- Ҳа.

- Фикр мекунам аввалин маротиба ин ҷо меоед?

- Бале ҳамин тавр.

- Аз рафторатон маълум. Ман ҳам вақте бори аввал омада будам мисли Шумо хеле истиҳола мекардам. Ҳа, гуфтагибарин чӣ ном доред?

- Моҳигул.

- Номи ман Барно ду кӯдак ва як шавҳар дорам. - Ҳазл кард ҷавонзан. Аз ҳазли Барно ба чеҳраи Моҳигул табассум дамид.

- Мебахшед Моҳигул аз Шумо як чизро пурсам? Духтароне, ки дар синну соли Шумо қарор доранд дар оғӯши гарми волидайнанд. Мо бошем барои фарзандонамон кор мекунем. Аммо чӣ боис гашт, ки Шумо дар ин бозор омадед?

- Рост гуфтед ҳамсолони ман дар оғӯши гарми волидайнанд. - Ӯ намехост дар бораи падару модараш ба касе чизе гӯяд. Барои ҳамин вазъи нохуби бибияш ва зиндагии доштаашро ба ҷавонзан қисса кард.

- Фаҳмо. Хоҳарам Шумо асло зиқ нашавед. Ҳоло ҳамааш хуб мешавад. Охир Шумо меҳнати ҳалол мекунедку.... Ин ҷоро мардикорбозор мегӯянд. Дар ин ҷо меҳнат ба фурӯш меравад. Агар Шумо танҳо худатон истед, касе ба Шумо аҳамият намедиҳад.

- Апаҷон ман барои кор ёфтан бояд чӣ кор кунам? - Ширинсухании Моҳигул ба Барно маъқул шуд.

- Дар ин ҷо мизоҷон меоянд, онҳо ҳар гуна кор доранд. Бо эшон кор ва маошро мувофиқа мекунед. Пасон ба ҷойи кор меравед. Хоҳарам Шумо ҳоло ҷавонед ва зебо ҳам. Гуфта монам ин ҷо ҳар гуна инсонҳо меоянд барои ҳамин эҳтиёт шуданатон лозим. Агар хоҳед ҳамроҳи ман гардед.

Ҳамин замон як мошини сиёҳшишае омада назди занҳои корҷӯ манъ кард. Барно дасти Моҳигулро дошта ба самти мошин давид. Аз дохили мошин як зани айнаки сиёҳдор фаромад вай дар тан шими сиёҳи таранг ва куртаи сафед дошт. Ӯ ба сӯйи занҳо нигоҳ карда аҳволпурсӣ кард.

- Салом дугонаҳо хаста набошед... Ман имрӯз меҳмон интизорам барои ҳамин мехоҳам хонаамро тозаву саришта созам барои ман чор зан лозим.

- Яке аз занҳо ба шафтолуи гап гузашта гуфт. - Чанд пул медиҳед?

- Ба ҳар кас даҳ ҳазор сӯми. - Сухани ӯро шунида талабгорҳо зиёд шуданд. Мизоҷ ба онҳо нигариста аз байнашон худаш интихоб карданашро гуфт. Ӯ аз ҳама ҷавонҳоро интихоб кард. Дар байни онҳо Моҳигулро ҳам гуфт. Аммо Барно ба ин рози нашуд.

- Апаҷон ин хоҳари ман аст ва бе ман ҳеҷ куҷо намеравад. - Ба атрофиён ин гапи Барно маъқул нашуд, аммо, чизе нагуфтанд. Зан Барноро ҳам ҳамроҳ гирифт..

(Давом дорад)

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД