Arzon march 2024
Зиндагии пуразоби Фарзона ва се фарзанди хору зораш
1347

(Тақдири талхи зани азияткашидае, ки дар назди сарнавишт оҷиз монда, қасди худкушӣ карда буд...)

Ин ҷавонзани берӯзиро зиндагии сахту сангин маҷбур кардааст, ки дари редаксияи “Оила”-ро кӯбад.

Фарзона Муҳиддинова ном дорад. Модари се фарзанд бошад ҳам, дар умри ҷавони 30-солааш ягон рӯзи хушро надидааст. Фарзона мегӯяд, ҷонаш аз ҷабри тақдир ба лабаш расида, ӯро то ба қасди худкушӣ расонд. Дар ҳаёт он қадар сахтиву ранҷу азоб кашид, ки аз зиндагӣ ва аз ҷони ширинаш безор шуда, билохира як рӯзи наҳс бо дасти худаш ба сараш бензин рехт ва худро оташ задааст. Вақте донаи гӯгирдчӯбро оташ дод, фағонаи оташ ба мисли аждари оташиннафас дар як дам саропои ӯро печонда гирифт ва дар як мижа задан ба як гулхани зинда табдил ёфт. Ҳавлиро бӯйи ғализи равған ва гӯшти одамизод фаро гирифт. Фарзона мисли ҳезуми хушк қарс-қарскунон месӯхт ва пайкари ба коми оташ афтодааш он қадар дард мекашид, ки дигар тоқат накарда, додгӯён худро ба берун зад...
Аксҳои даҳшатангези Фарзонаро, ки ҳамон шабу рӯзҳои худро оташ заданаш гирифта шудаанд, дида, кас гиребони тавба медорад. Зан аз нохуни пой то гардан сӯхтааст ва бо чунин захмҳо зинда монданаш худ як мӯъҷиза аст. Ба хотири озурда насохтани хотири хонандагони “Оила” мо аз нашр кардани ин аксҳо худдорӣ намуда, сарнавишти талхи ин занро аз забони худаш манзури шумо месозем.
-Сараввал худро муаррифӣ мекардед. Шумо кистед? Аз куҷо ва бо чӣ мақсад ба редаксия муроҷиат намудед?
-Ман Фарзона, дар шаҳри Ваҳдат зода шудаам. Соли таваллудам 1992. Сли 2011 ба шавҳар баромадам ва модари се фарзанд ҳастам, вале... Зиндагии душвор маро маҷбур намуд, ки ба редаксияи “Оила” муроҷиат намуда, дар моҳи шарифи рамазон, ки моҳи хайру эҳсон аст, аз мардуми хайрхоҳи тоҷик мадад бипурсам.
-Магар фарзандонатон ятиманд?
-Бачаҳоям падар доранд, вале шавҳарам ба бемории сустақлӣ гирифтор буда, наметавонад мисли мардони дигар зану фарзандонашро таъмин намояд. Бечора худаш муҳтоҷи дигарон аст.
-Шояд саволи ман боиси малоли хотиратон гардад, вале агар махфӣ набошад, мегуфтед, ки чаро шумо, як ҷавонзани зебои хушқаду қомат ва солим ба марди носолим ба шавҳар баромадед?
-Сағерадухтарам. Ҳанӯз дар синфи 7 мехондам, ки падарамаз дунё гузашт.
-Ба садама гирифтор шуданд ё бемор буданд?
-Падарам касали қанд доштанд ва муддати 18 сол бемори бистарӣ буданд. Ба қавли мардуми деҳот “тару хушкашон якҷоя буд” ва модарам ҳамчун як зани мӯъмину мусалмони худотарс ба хотири ризои Худованд солиёни зиёд шавҳари беморашро парасторӣ мекард. Билохира, баъди 18 сол бо азобҳои алим падарам ин дунёро падруд гуфт ва мо-чор хоҳару ду бардар ятим гаштем. Азбаски модарам савод надоштанд, кашидани аробаи зиндагӣ бениҳоят душвор буд, аз ҳамин сабаб таҳсиламро дар ягон донишкадаи олӣ давом дода натавонистам. Маълумот ва касбу ҳунар, ки надорам, дар зиндагӣ хеле азоб мекашам.
-Шавҳаратонро худатон интихоб кардед ё модаратон?
-Хонаи шавҳарам аз хонаи мо чандон дур нест, аз ҳамин хотир вақте ки ба хостгорӣ омаданад, модарам “ин ҷавон мисли духтари ман бе падар будааст, савоб мешавад” гӯён, хоҳиши онҳоро рад накарданд.
-Солим набудани шавҳаратонро кай фаҳмидед?
-Сустақл будани домодро баъди тӯй фаҳмида бошам ҳам, ба тақдирам тан дода, зиндагиро идома додам. Модарам 18 сол падарамро касалбонӣ карда буданд ва ман ҳам мехостам шавҳари носолимамро парасторӣ намуда, савоб бигирам.
-Сустақлии шавҳаратон дар чӣ зуҳур меёбад?
-Ҷисман бузург ва марди баркамол бошад ҳам,ақлаш мисли ақли кӯдаки хурдсол аст. Баъзан дар хонаи ҳамсояҳо мардикорӣ карда, замин побел мекунед ё партовҳоро бурда мепартояд ва соҳибони манзил ба дасташ 5-10 сум медиҳанд, вале ба ҷойи он ки ягон маҳсулоти хӯрока ё чизи барои зиндагӣ зарурӣ харад ва ё сару лабоси худашро нав кунад, рафта дучарха (велосипед) ё калонка мехарад ва мисли кӯдаке, ки бозичаи дилхоҳашро ёфтааст, ончунон хурсанд мешавад, ки ногуфтанӣ. Ҳарчанд мефаҳмонам, ки ин хел накунад, намешавад. Панду насиҳат аз як гӯшаш баромада, аз гӯши дигараш баромада меравад. Баъзан ҳатто мисли бачае, ки касе гӯшашро тоб додааст, ранҷида бо ман ба таври худаш қаҳрӣ мешавад.

-Магар зиндагӣ бо марде, ки ақлаш мисли ақли кӯдакон аст, душвор нест?
-Албатта душвор аст, вале дар бадали 10-11сол мо соҳиби се фарзанд гаштем. Азбаски худам азоби бепадариро кашида будам, намехостам, ки бачаҳоям бе падар ва таънашунави дӯсту душман шаванд. Мехостам, ки чӣ хеле набошад, падарашон дар болои сарашон бошад, то касе фарзандонамро сағера нагӯяд.
-Зиндагиатонро чӣ хел пеш мебаред?
-Бо майдафурӯшӣ. Ҷӯробҳо ва либосҳои арзонбаҳои кӯдаконаро аз бозорҳои калон харида, ба болояш як сум ним сум монда мефурӯшам. Даромаде, ки аз ин кор ба даст меорам, бениҳоят кам-ночиз аст, фақат ба нон мерасаду халос. Фарзандонам моҳҳои дароз рӯйи гӯшту тухм, маскаву панир, қанду ширинӣ ва дигар хӯрданиҳо лазиз ва хушмазаро намебинанд. Бо ду дона картошка шӯрбо пазам ҳам, барояшон ид аст. Бечора бачаҳоям як умр либоси кӯҳнаи мардумро мепӯшанд, аммо чӣ кунам, зӯрам ба нони шикамашон базӯр мерасад.
-Пас, шумо ба хотири фарзандонатон худро қурбон кардед?
-Бале, бахтамро қурбони бачаҳоям кардам, вале дар бадали 11 сол худам он қадар ранҷу азоб кашидам, ки бо сухан ҳеҷ тасвир карда намешавад. Ба касе сир бой намедодам, ки ман чӣ азоб дорам, вале сабри одамизод ҳам бе ҳадду ҳудуд набудааст, оқибат ҷонам ба лабам расид ва худамро оташ задам, аммо Худованд ҷонамро нагирифт. Азобҳои алим кашида, чанд бор мурда-зинда шуда бошам ҳам, ба қавли мардум “аз он дунё баргашта, зинда мондам. Гумон мекунам, ки Худованд ба хотири се фарзандам ҷони маро нигифт, то ки кӯдаконам бесоҳиб намонанд...
-Гуфтед, ки ба хотири кӯмак пурсидан аз мардум ба редаксия муроҷиат намудед. Шахсоне, ки мехоҳанд ба шумо ёрӣ расонанд, суроғаатонро чӣ тавр ёфта метавонанд?
-Чанд вақт шуд, ки маро аз хона пеш кардаанд ва айни замон бо се фарзандам дар маҳаллаи Зайнаббибӣ дар як ҳавлича, ки дар болои теппа ҷойгир шудааст, иҷоранишинам. Болои сӯхта намакоб гуфтагӣ барин, бар замми сустақлии шавҳарам фарзанди калониам низ солим нест ва бемориаш тез-тез хурӯҷ мекунад. Бисёр мехоҳам писаракамро табобат намоям, аммо барои ин маблағ ва имконият надорам. Агар шахсони хайрхоҳ дар ин моҳи шарифи рамазон, ки моҳи хайру эҳсон буда, тамоми дарҳои ҷаннат ба рӯйи мардуми накӯкор кушодаанд, барои ризои Аллоҳи меҳрубон ба мо дасти ёрӣ дароз намоянд, як умр дар ҳаққашон дуои нек хоҳам кард. Ман қасру кушт намехоҳам, як кулбаи лойӣ ё хаскаппа бошад ҳам, кифоя аст. Фақат сарамро бо се фарзанди хурдсол ва шавҳари беморам дарун кунам, кофист. Ман худам кор мекунам ва хуб медонам, ки ёфтани пул чӣ қадар душвор аст, вале ночор монда, маҷбур шудам, ки аз мардум мадад пурсам. Илтимос, ба ҳолам нахандед, чунки зиндагӣ маро ба ин ҳол овардааст.
-Умедворем, ки мардуми шарифи тоҷик, хоса соҳибкорон ва дигар афроди хайрхоҳ барои ризои Худованд дар моҳи шарифи рамазон барои савоб дасти шумо ва фарзандонатонро мегиранд.


Шахсоне, ки мехоҳанд ба ин зани мӯҳтоҷ дасти ёрӣ дароз кардан мехоҳанд, метавонанд хайрияи худро ба корти бонкии 9762 0000 2811 8155 (Душанбе Сити) ё 5058 2703 0934 2235 (Ҳумо) гузаронанд ва ё ба рақамҳои зерин занг зананд: 900-70-25-56

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД