Gazprom july 2025
Зиёда аз 750 ҳазор сайёҳони хориҷӣ аз Тоҷикистон дидан намудаанд
323

Дар шаш моҳи соли равон 762,3 ҳазор сайёҳони хориҷӣ аз Тоҷикистон дидан намудаанд. Дар ин бора зимни нишасти хабарӣ дар Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Тибқи иттилои масъулини ин ниҳод, шумораи сайёҳони хориҷӣ дар нимсолаи аввали соли 2025 нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 31,3 % афзуда, аз шумораи умумии шаҳрвандони хориҷӣ, ки 925,7 ҳазор нафарро ташкил медиҳанд, 850,6 ҳазор нафар ё 91,9 % ба мамолики ИДМ ва 75,1 ҳазор нафар ё 8,1 % ба мамолики хориҷи дур рост меояд.

Бо мақсади дар ҳолатҳои фавқулода сари вақт расонидани кумаки фаврӣ ба сайёҳони хориҷӣ кумита телефони бовариро бо рақами +992 118 200 200 фаъол гардонида, дар 30 ҳолат ба сайёҳони хориҷӣ кумаки фаврӣ расонида шудааст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД