Имсол зиёда аз 2000 эрониён дар рӯзҳои наврӯзӣ ба тамошои ҷашни Наврӯзи Тоҷикистон меоянд. Дар ин бора ширкати ҳавонавардии Эрон хабар додааст.
Тавре Фирӯз Ҳамдамов, намояндаи ширкати ҳавонавардии Varesh Airlines дар Тоҷикистон зимни суҳбат бо расонаҳо гуфтааст, имсол зиёда аз 2000 сайёҳон аз Эрон тасмим доранд, ки дар рӯзҳои Наврӯз ба Тоҷикистон сафар намуда, Иди Наврӯзи тоҷиконро тамошо кунанд.
«Танҳо дар як ҳафта аз шаҳрҳои Теҳрон, Машҳад ва Кеши Эрон ба Душанбе парвози 18 тайёра ба нақша гирифта шудааст”,- гуфтааст Ҳамдамов.
Сайёҳони эронӣ дар баробари тамошои наврӯзии Душанбе ҳамчунин ба тамошои Хуҷанд ва навоҳии водии Зарафшон хоҳанд рафт.