Formula novemver 2024
Журналистон ба шикояти занам бовар накунед!
17.04.2020
Р. Азимӣ
5759

Туфатро дар гулӯят қоқ мекунам, мардак

Ба наздикӣ тӯй писарамонро баргузор намудем. Дар ин рӯзи мурод шодиамонро бо ёру ошно қисмат карданӣ шуда, тамоми хешу таборро даъват намудем. Барои он ки баъди маърака дар хонаам ғарам-ғарам чизҳои нолозим ҷамъ нашаванд, камбудиҳои доштаамро рӯйхат намуда, ба яке телевизор, ба дигарӣ тафдон, ба сеюмӣ чангкашаку ба чорумӣ мошинаи ҷомашӯйӣ фармудам. Ҳамин тавр бо баҳонаи тӯй хонаамон пур аз асбобҳои замонавии рӯзгор ва қолинҳои рангорангу кӯрпаю болинҳои пари қӯ гашт. Гумон доштам, ки ин ҳама туҳфаҳои гаронбаҳоро дида, шавҳарам хурсанд мешавад, вале ба ҷойи раҳмат гуфтан ин мардаки ношукр доду вой бардошт, ки хешу табори ту пул наовардаанд. «Яхдону телевизору чангкашаки овардаашонро ба сарам мезанам, охир ман қарздор шудам, аз ҳисоби тӯёнаҳои мардум қарзамро доданӣ будам» шарм надошта, аррос мезад мардакам. Тамоми хешу табор хафа шуда, бо табъи гирифта аз тӯйи мо рафтанд. Болои сӯхта намакоб гуфтагӣ барин, шавҳарам «хешҳоят ба ҷойи пул туҳфа оварданд» гуфта, чанд рӯз боз бо ман гап намезанад. Шабҳо дар меҳмонхона ҷогаҳ партофта аз ман ҷудо мехобад. Ман ҳам аспи ҷаҳлро лаҷом заданӣ нестам. Гап назанад, бало ба пасаш, гап назанад! Фақат як чизро бо воситаи сомонаи «Оила» ба ӯ гуфтан мехоҳам:

-Мардак, ҳунари тӯйкунӣ, ки надоштӣ, чаро мушт ба сина кӯфта ин қадар дағдаға кардӣ?! Пул, ки надоштӣ, бо умеди пули дигарон шуда, қарзу қавола намекардию поятро баробари кӯрпаат дароз карда, як маъракаи хурдакак меоростӣ. Дуюмаш ин ки кори шудагӣ шуд, дигар бо қаҳру ароз кардани ту чизе тағйир намеёбад. Сеюм: Дар тӯй танҳо хешу табори ман не, пайвандони ту ҳам иштирок доштанд, мардак. Хешу табори ту ду даст дар почаки бинӣ омада, муфтакак зиёфатро хӯрда рафтанд гуфта, ман аз гиребони ту нагирифтаам-ку! Туҳфабиёрӣ маҷбурӣ нест, касе хоҳад, ягон дастовез гирифта меояд, нахоҳад не, барои пулу мол шуда, зиндагиро талх кардан чӣ лозим?! Чорум: Хешу табори ман чизе оварда бошанд, барои ободонии рӯзгори мо овардаанд, ман ин туҳфаҳоро ба хонаи очаам намебарам. Панҷум: Занак барин қаҳр карданат ба дилам задааст, ислоҳ мешуда бошӣ, зудтар мардак шав, вагарна баромада меравам!

З. Д

 

Аз нақли шавҳар:

Зан мӯйдароз асту ақлкӯтоҳ

Занҳое, ки дар ягон ҷо кор намекунанд, чӣ гуна ба даст овардани пулро намедонанд, барои ҳамин ба қадри пул намерасанд. Ман то имрӯз ба кадом маъракае, ки рафта бошам, хоҳ хеши занам бошад, хоҳ хешу табори худам аз сад доллар кам тӯёна набурдаам, барои ҳамин умедвор будам, ки дар тӯйи ман низ маблағи хуб ба даст меояд ва қарзҳои гирифтаамро бар мегардонам. Имрӯз нарху навои бозор ба ҳама маълум аст, барои як маъракачаи хурд оростан маблағи зиёде сарф мешавад, барпо намудани тӯйи пурдабдаба бошад, миёни касро мешиканад. Поямро ба пойи ҳамсояҳо дароз карда, дар тӯй беҳтарин сарояндаро бо пули калон овардам, то дӯсту душманро қоил намоям. Умед доштам, ки тӯёнаи хешу таборро ҷамъ карда қарзи гирифтаамро бар мегардонам, вале ин занаки беақл ба апаю хоҳар, акаю додар ва тағою амакҳояш чизу чораи рӯзгор фармудааст. Аз ҷиҳози овардаи хешу табори занам чӣ фоида? Ба ман пул даркор буд, пул! Занам пеш аз тӯй бо ман маслиҳат мекард, кор ба ин дараҷа намерасид, вале ин мӯйдарози ақлкӯтоҳ нахӯди пеши қошуқ шуда ҳама корро расво кард. Шарм надошта боз ба Оила арз кардааст, ки шавҳарам бо ман қаҳрӣ шудаасту гап намезанад. Фикр намекунад, ки қарзи калони барои тӯй гирифтаамро ман дар 2 сол ҳам канда наметавонам.

Маслиҳати равоншинос:

Мардуми мо ба хотири худнамоӣ ё ба ҳамсоя пайравӣ кардан дар тӯю маъракаҳояшон маблағи калон сарф мекунанду баъди тӯй кор бо ҷангу ҷанҷолҳои оилавӣ мерасад. Модоме қудрати тӯйи осмонкаф оростанро надоштед, ба умеди пули дигарон шуда, ин қадар дағдаға намекардед. Барои қоил намудани дигарон худро ба қарз гирифтор кардан рафтори беақлона аст, бародар. Аз занатон не, аз худатон хафа шуда, минбаъд чунин рафтор накунед. Барои пул шуда бо зан қаҳрӣ шудану ароз кардан ба мард намезебад. Кори шудагӣ шуд, беҳтараш зиндагиатонро талх накарда, бо ҳамсаратон оштӣ шавед ва кӯшиш кунед, ки минбаъд бо маслиҳату машварату розигии ҳамдигар амал намоед, то тӯю маъракаҳоятон боиси дилсиёҳӣ нагарданд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД