Як бародар чун баҳорон аз канорам рафт, рафт,
Дилкабоб аз ин ҷаҳон умедворам рафт, рафт.
Рӯзи рӯшан тирагун шуд пеши чашмам лаҳзае,
Гӯиё Хуршед аз боми диёрам рафт, рафт.
Паҳлавони ғӯрамаргам, номдори ин диёр,
Хома дар даст, журналисти номдорам рафт, рафт.
Рахти худ бар рӯи зини зарҳалин бигзошту монд,
Шаҳсаворе аз миёни корзорам рафт, рафт.
Имрӯз, 17-уми октябр солгарди марги журналисти боистеъдод, ровии ширинсухан ва инсони нек Таваккал Файзуллоев мебошад. 34 сол қабл, санаи 17-уми октябри соли 1992 ин ҷавони пурормон ҳамроҳи ситораи тобони эстрадаи тоҷик Кароматуллои Қурбон ва дастаи ҳунариаш, ки аз 10 нафар ҳунармандон иборат буд, ҳангоми бозгашт аз як тӯй дар деҳаи Даҳанаи ноҳияи Ёвон аз ҷониби як гурӯҳ силоҳбадастон ба таври ваҳшиёна ба қатл расонида шуданд.
Ин ҷавонони ҳунарманд ба хотири ба мардуми аз оташу дӯди ҷанги хонумонсӯзи бародаркуш ба ҷон расида лаҳзае чанд шодиву нишон бахшидан ба Ёвон сафар карда буданд, то маҳфили бахти ду ҷавонро обод созанд, вале дучори хашм ва ҳамлаи ноҷавонмрадонаи як тӯда даррандагони одамсурат гашта, ба дасти Восит ва силоҳдорони хирсараш ба сад хориву зорӣ кушта шуданд.
Хабари куштори ваҳшиёнаи булбули санъати тоҷик Кароматуллои Қурбон ва аъзоёни дастааш дар Ёвон дар як дам дар саросари кишвар паҳн гашта, Тоҷикистон ба мотамсаро табдил ёфт. Хурду калон он рӯзи наҳс дар ғами Кароматулло, Таваккал, Наврӯз ва боз 7 ҷавони ормонӣ, ки бо пойи худ ба тӯй рафта, аз он ҷониб ғарқа дар хуну халаф, дар тобут баргаштанд, хун мегиристанд.
Марги ин ҷавонони саропо ҳунар тамоми Тоҷикистонро ба по хезонд ва оташи муборизарпо барои хотима гузоштан ба ин ҷанги бемаънӣ фурӯзонтар карда, бадхоҳонаи миллат ба сазои худ расиданд, вале...
34 баҳор аст, ки рӯйи қабри Кароматуллою Таваккал ва ҳамроҳонашон лолаҳои доғ мерӯянд. 34 тирамоҳ аст, ки баргҳои заъфаронӣ рӯйи гӯри ин шаҳидони хунинкафан навҳаи бе садо мекашанд. 34 зимистон аст, ки ҷисми ин ҷавонони ҳунарманд зери хоку барфи сафед рӯйи мазорашон чун кафан курпа мепӯшонад, аммо зиндагӣ идома дорад...
Таваккал Файзуллоев 9-майи соли 1962 дар деҳаи Тошохӯри (айни ҳол Боғдараи ҷамоати ба номи "Ҳасан Ҳусейн") ноҳияи Ёвон зода шуда, ҳамагӣ 30 сол умр дид, вале дар умри кӯтоҳаш тавонист корҳои зиёдеро ба сомон расонад. Ӯ дар рӯзномаи " Коммунисти Ёвон", ки ҳоло "Субҳи Ёвон" ном дорад, ба ҳайси мухбир фаъолият намуда, ҳамеша мавзуъҳои доғи рӯзро пайгирӣ менамуд. Таваккал ҳамчун журналист ҳамеша барои тантанаи ҳақиқату адолат талош мекард, вале ба дасти беадолате чанд ваҳшиёна кушта шуд.
Фарзандонаш Абдуҳаллим, Мӯътабар, Меҳрангез ва Манучеҳрҷон, ки замони кушта шудани падари қаламкашашон хеле хурдсол буданд, акнун ба камол расида, ҳар кадом ба қадри тавони худ ба Ватан хизмат мекунанд.
Модараш холаи Анор ба ғами ҷигарсӯзи фарзанд тоб наоварда, ба беморӣ гирифтор гашт ва оқибат думболи Таваккал ҷон ба ҷонофарин супурда, дар канори гӯри писари ормониаш макон гирифт.
Таваккал рафт, аммо ёди ин ҷавонмарди нек то имрӯз дар қалби ҳамсараш Орифабону, фарзандон, бародарону хоҳарон ва ёру дӯстонаш зида аст.
Ф. САТТОРӢ