Arzon march 2024
Жириновский 8 бор воксина гирифта коронавирус шуд!
2115

Яке аз чеҳраҳои машҳури Русия Владимир Жириновскийро бо бемории “Омикрон” дар ҳолати вазнин ба беморхона бурдаанд. Расонаҳои русӣ менависанд, ки Жириновский 8 маротиба воксинаҳои зидди коронавирусро гирифтааст. Сиёсатмадори машҳур сад дар сад дилпур буд, ки ҳаргиз ба”Ковид-19” гирифтор намешавад, аммо...
Ба иттилоъи “Лента. ру роҳбари ЛДПР Владимир Жириновский ҳанӯз ду ҳафта пеш аз навъи нави коронавирус-омикрон сироят ёфта бошад ҳам, ин сирро пинҳон медоштааст. Ба хотири сироят наёфтани дигар аъзоёни партия роҳбари ЛДПР дар ҳолати беморӣ дар хонааш кор карда, тариқи телефон ҳама масъалаҳои кориро ҳал мекардааст. Танҳо муҳофизони Владимир Жириновский, ёрдамчиаш ва роҳбари дастгоҳ сабаби якбора ба кори фосилавӣ гузаштани роҳбари ҳизбро медонистанду халос.
Наздикони Владимир Жириновский ба хабарнигорони “Коммерсант” гуфтаанд, ки барои дилсард нагаштани мардум аз воксинаҳои зидди коронавирус сиёсатмадор ба ковид гирифтор шуданашро аз дигарон пинҳон медошт, зеро барои пешгирии ин беморӣ вай 8 маротиба воксина гирифта, дилпур буд, ки дар ҷисмаш шумораи кофии антителаҳо мавҷуданд ва ҳеҷ гоҳ аз ин вирус сироят намеёбад, аммо хаёлаш хом баромада, ба омикрон гирифтор шуд.
Табибон вазъи саломатии Жириновскийро вазнин арзёбӣ менамоянд. Баъзе манбаъҳо аз ҷумла РБК менависад, ки коронавирус ба шуши ин сиёсатмадори машҳур таъсири хеле бад расонида, ба пневмания гирифор шудааст . Ҳолати Жириновский бениҳоят вазнин буда, ӯро бо дасгоҳии сунъии нафаскашӣ пайваст кардаанд ва сиёсатмадор танҳо бо шарофати ИВЛ нафас кашида истодааст, вале аъзоёни ҳизби ЛДПР ва наздикони Жириновский инро аз мардум пинҳон дошта мегӯяд, роҳбарияти беморхона дастгоҳро барои эҳтиёт ба ҳуҷраи Владимир Жириновский даровардаанд, вале ҳоли ӯ хеле хуб буда, натанҳо мастақилона нафас мекашад, балки тариқи телефон масъалаҳои кориро низ ҳал мекунад.
Табибон бар он назаранд, ки 8 маротиба воксинаи зидди коронавирус гирифта, Владимир Жириновский баръакс ба саломатии худ зарар расонидааст, зеро ҳама чиз бояд меъёри муаяни худро дошта бошад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД