Sebiston new 2024 october
Zet-Mobile: Технологияи 5G фарогир мешавад
1506

 

"Дар ояндаи наздик нақша дорем, ки мавҷҳои 5 G-ро дар минтақаҳои дигари кишвар васеъ карда, талаботи муштариёнро бароварда намоем.

Ҳар қадар дархост барои истифодаи 5 G зиёд шавад, ҳамон қадар дастгоҳҳоро дар минатқаҳо насб хоҳем кард. Дар ҳоли ҳозир шумораи истифодабарандагон 5 G рӯз ба рӯз меафзояд. Мо аллакай дастгоҳҳое, ки 5 G-ро идора мекунанд, насб намудем ва онҳо муштариёни худро доранд, ки ба таври ҳамешагӣ аз он истифода мебаранд."

Ин нуқтаро Манучеҳр Ҳалимов, директори техникии ширкати Zet-Mobile дар Форуми байналмиллали “Ифтитоҳи шабакаҳои алоқаи мобилии насли нав” ироа намуданд. Чорабинии имрӯза ду рӯз идома ёфта, яке аз самтҳои муҳими он омӯзиши таҷрибаи ҷаҳонӣ дар роҳандозии шабакаи 5 G хоҳад буд. дар он мутахассиони соҳа аз кишварҳои ҷаҳон гирд омада омаданд ва дар афтори ин мавзӯъ муҳокима хоҳанд кард.

 

Дар вохӯрие, ки миёни рӯзноманигорон ва мутахассисони иштирокчии Форум баргузор шуд, таваҷҷуҳ бештар ба фарқияти алоқаи мобилии насли нав 5 G аз 4ва ё с G, аз нигоҳи танлуруситӣ то кадом андоза безарар будан ба муштариён ва дигар паҳлуҳои он баррасӣ гардид.

Фарқи алоқаи мобилии насли нав 5G аз дигар наслҳо дар он аст, ки суръати интернет аз як ГБ боло буда, ҳамчунин камхарҷ мебошад. Таҷрибаҳои ҷаҳонӣ нишон додааст, ки якбора истифодаи 2G,3G, 4G ғайриимкон аст. Барои муштариёне, ки бори аввал аз 5G истифода мебаранд, аз ҷиҳати техникӣ фарқи зиёдро намебинанд, танҳо суръати баланд нисбат ба 3G, 4G-ро мебинанд.

Фарқияти дигари 5G дар он аст, ки ҳангоми равон кардани макуиб ё дигар аксҳо интизорӣ камтар ба назар мерасад. Ин барои муштариёни мо муҳим мебошад.

Ширкати Zet-Mobile соли 2021 5G-ро расман ба кор дароварда, алоқаи насли панҷум 5G имрӯз тавассути роҳи протоколии шаҳри Душанбе , наздикии Барқи Тоҷик, маркази шаҳри Хуҷанд ва Бохтар дастрас мебошад.

Барои пайваст шудан ба 5G ба муштариён лозим нест, ки симкортҳои худро иваз намоянд. Агар телефони онҳо 5G-ро дастгирӣ кунад, барои бақайдгирӣ ба фоисҳои хизматрасонии ширкат муроҷиат менамоянд.  

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД