arzon replenishment
ЗЕБОТАРИН СИТОРАҲОИ ТОҶИК КИҲОЯНД?
2850

 Расонаҳои хориҷӣ одате доранд, ки ҳамасола рӯйхати зеботарин, ҷаззобтарин, гаронарзиштарин ва доротарин ситораҳоро нашр мекунанд. Дар Тоҷикистон бошад, ин одат ҳанӯз ба ҳукми анъана надаромадааст ва ба ҳамин хотир, то кунун мо намедонем, ки кадоме аз ситораҳои санъати тоҷик зеботарину доротарин ва ҷаззобтарину гаронарзиштаринанд.

Сомонаи “Оила” рӯйхати зеботарин ситораҳои тоҷикро, ки на танҳо дар дохили кишвар, балки берун аз марз низ маҳбубу машҳуранд, омода намуд, ки бо онҳо дар матлаби зер шинос шуда метавонед.

  1. Нодира Мазитова, модел ва ҳунарпешаи тоҷик дар рӯйхати мо мақоми аввалро касб мекунад, зеро ӯ бо ҳусну ҷамоли худододаш дили ҳазорҳо ҷавонмардро тасхир кардаву гули сари сабади маҳфилу чорбиниҳост. Феълан роҳбарии оҷонсии моделии “Суғдиёна” (“Sogdiana”)-ро ба ӯҳда дорад ва чеҳраи ширкати мобилии “Babilon-Mobile” низ ҳаст. Мазитова барандаи ҷоизаи “Зебосанами Тоҷикистон-2016” буда, соли 2005 баъди нақшофарӣ дар филми “Sex ва фалсафа” ба шоу-бизнеси тоҷик роҳ ёфт.
    Нодира Мазитова - самая красивая таджичка (25 фото + видео) | Традиционные  платья, Модные стили, Мусульманские девушки
  1. Сайёра Сафарӣ (Сафарова Сайёра),
    ҳунарпешаи театр ва синамои 30-солаи руси тоҷиктабор миёни зебосанамҳои рӯйхати мо зинаи дувумро ишғол мекунад. Падари Сайёра тоҷик буда, худаш низ дар шаҳри Душанбе ба дунё омадааст. Аз соли 2008 инҷониб дар шаҳри Маскав зиндагӣ мекунад ва дар зиёда аз 10 филми гуногунжанр нақш офаридааст. “Гулчатай” (2011), “Салом, Маскав” (2012), “1001” (2014) ва “Азизи ман” (2020) намунае аз филмҳои нақшофаридаи Сайёра мебошанд.
    Саёра Сафари: русская таджичка с лицом славянки | Живая Средняя Азия |  Яндекс Дзен
  1. Парвина Саидова, модел, овозхон ва ҳунарпешаи 32-солаи тоҷик дар рӯйхати мо дар ҷои сеюм қарор дорад. Новобаста аз он ки Саидова дар ҷавониаш модари панҷ фарзанд аст, ҳусну ҷамол ва қаду қомати худро ҳамоно ҷаззобу дилкаш нигоҳ медорад. Барандаи унвони “Missis international-2016” дар озмуни зебоии “Miss World Beauty Astana-2016” ва “Беҳтарин модел-2016” дар Украина мебошад. Илова бар ин, дар филми “Аз ман марав” нақш офарида, ба сифати овозхон чанд суруд низ нашр кардааст.
    Знакома с Блаттером и Платини, болеет за Хабиба: интервью с Парвиной  Саидовой » Пресс-клуб Согдийской области Республики Таджикистан
  1. Ҳаммаса Кӯҳистонӣ, модели 33-солаи бритонии тоҷиктабор миёни зебосанамҳои рӯйхати мо мақоми чорумро касб мекунад. Ҳаммаса дар шаҳри Тошканд ба дунё омадааст ва волидонаш аз тоҷикони Афғонистон мебошанд. Ҳаммаса, ки орзуи деринааш модел шудан буд, бо шарофати ҳусну ҷамоли нотакрораш соли 2005 дар озмуни зебоии “Зебосанами Англия” ғолиб омада, худи ҳамон сол дар озмуни “Зебосанами ҷаҳон” иштирок кард ва то даври нимниҳоӣ расид. Ӯ аввалин бонуи мусалмон мебошад, ки ҷоизаи “Зебосанами Англия”-ро ба даст овардааст.
    Таджичка Хаммаса Кохистани: английская королева красоты | Миграционные  новости - Миграnews | Яндекс Дзен
  1. Нигина Амонқулова, овозхони 35-солаи тоҷик миёни қаҳрамонҳои мо зинаи панҷумро ишғол мекунад. Амонқулова дар ягон озмуни зебоӣ ширкат наварзида бошад ҳам, дар зебоии табиӣ ва ҳусни худододаш заррае шакку шубҳа вуҷуд надорад. Миёни ситораҳои шоу-бизнеси тоҷик шояд ягона овозхонест, ки ягон ҷарроҳии пластикӣ анҷом надодааст ва аз усулҳои муосири зебоӣ низ камтар истифода мебарад. Овозхон, ки бо шарофати ҷашнвораи “Андалеб” рӯйи саҳна омадааст, шӯҳраташ то ба Амрикову Аврупо мерасад.
    Нигина Амонкулова дар консерти - Популярные таджикские песни
  1. Мунира Мирзоева, корманди ҳоло 25-солаи бахши кабудизоркунии шаҳри Душанбе дар рӯйхати мо дар ҷои шашум қарор дорад. Соли 2015 аксбардори руминиягӣ Миҳаэла Норок тасодуфан бо Мунира вохӯрд ва акси ӯро ба лоиҳаи интернетиаш, ки “Харитаи зебоӣ” (“The Atlas of Beauty”) ном дошт, ҳамроҳ кард. Баъди ин, Мунира дар тамоми ҷаҳон машҳур шуд, зеро ҳусну малоҳати ӯ оламиёнро мафтун карда буд. Мунира розӣ аст, ки ҳамчун модел кор кунад, вале либосҳои урёну нимурёнро ба бар кардан намехоҳад.
    Эту девушку из Таджикистана назвали красивейшим дворником - ФОТО

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД