Соли 2013 полиси Арабистони Саудӣ тасмим гирифт, ки Умар Боркан ва ду нафари дигарро бо далели аз ҳад зиёд зебову дилкаш буданашон аз кишвар хориҷ кунад.
Мувофиқи маълумоти полис, занҳо ин мардҳои зеборо дида, худро идора карда наметавонистаанд. Вақте Умар ба Канада кӯчид, ӯро аллакай бисёриҳо мешинохтанд ва оҷонсиҳои таблиғотӣ пешниҳоди кор мекарданд. Дар чанд соли охир ӯ аз Инстаграми худ беш аз 10 миллион доллар фоида дидааст. Ҳоло ҳамроҳи зану фарзандаш зиндагии хушбахтона дорад.