Arzon march 2024
ЗЕБОТАРИН ДУХТАРИ ДЕҲА ФИРЕФТАИ НОМАРД ШУД
23.01.2021
ОИЛА
7248

Зеботарин духтари деҳаамон будам. Нисфи бачаҳои қишлоқ аз пасам медавиданд, вале обрӯи волидонамро фикр карда, ишқи касеро қабул наменамудам. Афсӯс, ки тақдирро тадбир карда намешудааст. Тақдири бад маро ҳам ба гирдоб афканд, ба гирдоби ишқи номарде!

Дар арӯсии дугонаам Зебо шоҳид будам. Ҷӯраи домод бо нигоҳҳои харидорона саропои маро палмосида, ҳар лаҳза ба рақс даъват менамуд. Рад кардам, вале худи домод кард, ки бо

Рухшед ба рақс бароям. Сухани шаҳро нашикаста бо шоҳидаш каме рақс кардаму зуд ба ҷоям нишастам. Рухшед то анҷоми тӯй аз ман чашм намеканд. Домоду арӯсро ба хонаи бахташон дароварда ба хона баргаштам. Шабона Рухшед занг зад. Гап задан нахостам, вале вай аз он бачаҳое набуд, ки сайдашро ба осонӣ аз даст диҳад. Пайваста смс-ҳои ошиқона менавишт ва хуро ошиқи зор нишон медод. Билохир ба ӯ дил додам.

Шабу рӯз сӯҳбат мекардем, аз яқдигар серӣ надоштем. Қариб гуфтанҳо гузашту Рухшед дар иди Наврӯзӣ маро ба шаҳр даъват намуд. Бо мошинаш хуб тамошо дода, сипас маро ба иҷорааш даъват намуд. Мани ошиқу шайдо розӣ шудам. Масти канор чи хел ба ҷойгаҳ даромадем, нафаҳмида мондам. Рухшед «ҳамин ҳафта хостгор мефиристаму туро арӯс карда ба хонаамон мебарам» гӯён фиребам кард. Дилпур будам, ки бе шармандагӣ ба муроди дил мерасам, афсӯс орзуҳоям ба коми боди хазон рафт.

Пас аз он рӯзи тақдирсӯз Рухшед дигар ба зангҳои телефониям ҷавоб надод. Як моҳ аз байн гузашту Зебо ба хонаашон меҳмонӣ омад. Зуд назди дугонаам рафта Рухшедро пурсон шудам. Зебо бо кароҳат гуфт:
-Шайтони духтарбоз чандин духтарро номусбохта карду Русия рафт! Ҳуш аз сарам парид, дилам суст шуду дар ҷоям нишаста монда.

-Гулбону, барои чӣ рангат канд? Мабодо ту ҳам маъшуқааш набошӣ?-кунҷковӣ кард Зебо якбора тағйир ёфтани авзои маро мушоҳида карда. Инкор намуда, бо дили хунчакон, сархаму малул ба хона баргаштам. Сиррамро то ҳол ба касе нагуфтаам. Шабҳоро бо гиря рӯз мекунам. Тақдири бадамро ҳазорон бор лаънат мехонам, ки ба доми фиреби Рухшеди номард афтодам.

Намедонам хостгор ояд, Чӣ кор мекунам? Маслиҳатам диҳед хонандаи азиз, то аз ин вартаи бало раҳоӣ ёбам.
Бо эҳтиром: Гулбону

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД