Formula novemver 2024
ЗЕБОСАНАМҲОИ ТОҶИКИСТОН: ШАБНАМ Ё НОЗИЯ?
4576

 

Расонаҳои хориҷӣ одате доранд, ки ҳамасола рӯйхати зеботарин, ҷаззобтарин, гаронарзиштарин ва доротарин ситораҳоро нашр мекунанд.

Дар Тоҷикистон бошад, ин одат ҳанӯз ба ҳукми анъана надаромадааст ва ба ҳамин хотир, то кунун мо намедонем, ки кадоме аз ситораҳои санъати тоҷик зеботарину доротарин ва ҷаззобтарину гаронарзиштаринанд. Ҳафтаномаи “Оила” рӯйхати зеботарин ситораҳои тоҷикро, ки на танҳо дар дохили кишвар, балки берун аз марз низ маҳбубу машҳуранд, омода намуд, ки бо онҳо дар матлаби зер шинос шуда метавонед.

  1. Қадрия Крик, ровии телевизион ва журналисти 39-солаи тоҷик дар рӯйхати мо ҷои шонздаҳумро ишғол мекунад. Қадрия дар Тоҷикистон ба дунё омада, дар 14-солагӣ ҳамроҳи оилааш ба Русия кӯчидааст. Аз соли 2006 то соли 2009 дар шабакаи “НТВ”-и Русия кор карда, муаллиф ва ровии чандин барномаҳои тиббиву тафреҳӣ мебошад. Аз соли 2010 ба инҷониб дар шабакаи “РЕН ТВ” фаъолият намуда, филмҳои ҳуҷҷатӣ таҳия мекунад. Крик насаби модари Қадрия буда, ному насаби падараш маълум нест.

 

  1. Нозияи Кароматулло, овозхони 33-солаи тоҷик миёни зебосанамҳо мақоми ҳабдаҳумро касб мекунад. Аслан, Нозия иштирокчии ягон озмуни зебоӣ нест ва дар ин самт дастоварде ҳам надорад, аммо бо ҳунару маҳорат ва садои зебову дилнишинаш тавонист, ки нисфи дунёро мафтун намояд. Овозхон хатмкардаи Консерваторияи Ҳиндустон буда, дар ин кишвар ҳаводорони зиёд дорад. Ба ҳусну ҷамоли Нозия нигариста, боварии кас намеояд, ки ӯ модари се фарзанд бошад, зеро ба назар ҳамоно ҷавону ҷаззоб менамояд.

 

  1. Шабнами Сурайё, овозхони 39-солаи тоҷик ва яке аз пуровозатарин ҳунарманди кишвар дар рӯйхати зебосанамҳо дар зинаи ҳаждаҳум қарор дорад. Шабнам аз зумраи ҳунармандонест, ки тавассути силсилаконсертҳояш санъати тоҷикро дар ҷаҳон муаррифӣ кардааст. Ӯро аз Афғонистону Эрон сар карда, то Канадаву Амрико дӯст медоранду гӯш мекунанд. Шабнам ягон ҷоизаи зебоӣ надорад, вале муҳаббати халқро ба даст овардааст, ки беҳтарин ҷоиза барои ҳар як ҳунарманд ин меҳру ихлоси мухлисон аст.

 

  1. Меҳрнигори Рустам, овозхони 26-солаи тоҷик, ки феълан дар Амрико зиндагӣ дорад, ҷои нуздаҳумро ишғол мекунад. Агар Меҳрнигор ҳамагӣ 26 сол дошта бошад, 21 соли умри ӯ дар саҳна гузаштааст, зеро аз 5-солагиаш суруд мехонаду дар саҳнаҳои бузург ҳунарнамоӣ мекунад. Меҳрнигор низ аз камтарин овозхонҳои тоҷик аст, ки овозаи ҳусну ҷамол ва ҳунару истеъдодаш то Амрикову Аврупо расидааст. Дар Ҳиндустону Афғонистон ва Эрон ҳам ҳаводоронаш кам нестанд.

 

  1. Сабина Шоҳимардонова, ҳунарпешаи 29-солаи тоҷик миёни зебосанамҳои рӯйхати мо мақоми бистум ва охиринро касб мекунад. Сабина хатмкардаи Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Русия буда, чанд муддат дар Театри давлатии драмаи русии ба номи В.Маяковский фаъолият кардааст. Ҳунарпеша соли 2014 бо шарофати филми “Арӯси замонавӣ” машҳур шуд. Баъдан, соли 2016 филми “Арӯси замонавӣ-2” рӯи навор омад, ки маҳбубияти ҳунарпешаро дучанд кард. Ҳамчунин, Сабина дар филмҳои “Риё” ва “Ошиқони ноком” низ нақшофарӣ кардааст.

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД