Расонаҳои хориҷӣ одате доранд, ки ҳамасола рӯйхати зеботарин, ҷаззобтарин, гаронарзиштарин ва доротарин ситораҳоро нашр мекунанд.
Дар Тоҷикистон бошад, ин одат ҳанӯз ба ҳукми анъана надаромадааст ва ба ҳамин хотир, то кунун мо намедонем, ки кадоме аз ситораҳои санъати тоҷик зеботарину доротарин ва ҷаззобтарину гаронарзиштаринанд. Ҳафтаномаи “Оила” рӯйхати зеботарин ситораҳои тоҷикро, ки на танҳо дар дохили кишвар, балки берун аз марз низ маҳбубу машҳуранд, омода намуд, ки бо онҳо дар матлаби зер шинос шуда метавонед.
- Моҳира Тоҳирӣ, овозхони шинохтаи тоҷик миёни зебосанамҳои мо мақоми ҳафтумро касб мекунад. Моҳираро ҳамчун як овозхони ширинсадо на танҳо дар Тоҷикистон, балки дар Эрону Афғонистон ва Амрикову Канада, ки он ҷо форсзабонон хеле зиёданд, мешиносанду сурудҳояшро гӯш мекунанд. Муваффақияти Моҳира ҳам ба садову ҳам ба симояш вобаста аст. Моҳира феълан оиладор буда, бо номи Моида як духтарча дорад ва ба тарбияи ӯ машғул мебошад. Илова бар ин, аз саҳнаву эҷод ва мухлисонаш низ дур нест.
- Мужда Ҷамолзода, овозхон, ровӣ ва ҳунарпешаи 38-солаи афғон дар рӯйхати мо зинаи ҳаштумро ишғол мекунад. Феълан Мужда дар Канада зиндагӣ дорад ва хонаводаи ӯ аз тоҷикони Афғонистон мебошанд. Баъзе манбаъҳо миллати Муждаро тоҷик менависанд. Дар оғози солҳои 2000-ум нахустин суруди худро бо номи “Духтари афғон” сароида, соли 2010 бо ҳамин суруд дар “Қасри сафед”-и Амрико, дар назди 44-уми президенти ин кишвар Барак Обама баромад кардааст. Соли 2019 дар филми “Барфи сурх” нақш офарида, маҳбубияти бештарро ба даст овард.
- Тӯтинисо Аллаева, барандаи Шоҳҷоизаи озмуни зебоии “Зебосанами Ориёно-2009” миёни зебосанамҳои мо дар ҷои нӯҳум қарор дорад. Соли 2009, яъне 12 сол қабл, вақте ки ӯ ғолиби озмуни зебоии ҷумҳуриявии “Зебосанами Ориёно” гардид, ҳамагӣ 21 сол дошт ва дар Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон таҳсил мекард. Он замон Тӯтинисо дар баробари Шоҳҷоиза, роҳхат ба пойтахти Фаронса-шаҳри Парижро низ ба даст оварда буд. Ҳусну ҷамоли нотакрори Тӯтинисоро нодида намегирем ва ӯро дар сафи зеботарин бонувони Тоҷикистон ҷой медиҳем.
- Манижа Давлатова, овозхон ва оҳангсози 38-солаи тоҷик дар рӯйхати мо мақоми даҳумро касб мекунад. Ӯ аллакай 14 сол мешавад, ки дар рӯйи саҳна нест ва қариб, ки суруду таронаи ҷадидеро ҳам нашр накардааст.
Гоҳ-гоҳ барои дигар ҳунармандон, аз ҷумла шогирдонаш оҳанг эҷод мекунаду бас. Манижа иштирокчии озмунҳои зебоиву барандаи тоҷҳои тиллоӣ набошад ҳам, месазад, ки ӯро дар радифи зеботарин занҳои тоҷик ҷой намуд, зеро Манижа бо ҳусну малоҳаташ ба ин арзанда аст. Манижа дар рӯйи саҳна набошад ҳам, ба гӯшаи фаромӯшӣ нарафтааст.