Arzon march 2024
Зебосанами тоҷик бо пули озмун мактабро таъмир мекунад
3327

 

Даричаи ошноӣ:
Ному насаб: Баҳромзода Мунира (Bahromzoda Munira)
Рӯз, моҳ ва соли таваллуд: 3-юми июли соли 2003
Синну сол: 17-сола
Ҷои таваллуд: ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, Ҷумҳурии Тоҷикистон
Бурҷ: Саратон
Қад: 176 см
Вазн: 58 кг
Вазъи оилавӣ: муҷаррад

Духтари ҳамакора
Баҳромзода Мунира 3-юми июли соли 2003 дар деҳаи Унҷии ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд ба дунё омадааст. Айни замон хонандаи синфи 10-уми муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №14-и зодгоҳаш мебошад. Дар баробари ин, барномаи «Субҳи Диёр»-и Телевизиони маҳаллии «Диёр»-и шаҳри Хуҷандро пеш мебарад. Хондани китобҳои бадеиро дӯст медорад. Ғолиби даври ноҳиявӣ ва иштирокчии даври вилоятии озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ…» мебошад. Пас аз дарс ба мактаби санъати маркази ноҳия рафта, аз устодони ин боргоҳи ҳунар атласу адрасбофӣ, гулдӯзӣ, юрмадӯзӣ ва дигар ҳунарҳои мардумиро меомӯзад. Аз ӯҳдаи пӯхтану дӯхтан ба хубӣ мебарояд. Дар оянда орзу дорад, ки рӯзноманигор шавад.

Субҳи Мунира

Мунира зиндагии оддӣ ва хоксорона дорад. Дар деҳа зиндагӣ мекунад. Субҳи барвақт аз хоб хеста, барои аҳли оила субҳона омода месозад. Баъди ноништа ба дарс меравад. Дар мактаб бо баҳои хубу аъло таҳсил мекунад ва духтарест, барои дигарон намунаи ибрат. Пас аз дарс ба мактаби санъати маркази ноҳия рафта, он ҷо аз муаллимааш нозукиҳои як қатор ҳунарҳои мардумиро меомӯзад. Ба андешаи Мунира, ҳар як духтари тоҷик бояд аз ӯҳдаи иҷрои чунин корҳо барояд. Аз мактаби санъат баромада, ба китобхона меравад. Мутолиаи асарҳои бадеиро меписандад. Барои ёрӣ расондан ба корҳои модараш ва тайёр кардани дарсҳояш низ вақт ҷудо кардааст. Ҳамин тавр, субҳи Мунира бо омода кардани субҳона оғоз шуда, шаб бо мутолиаи китобҳо хотима меёбад.

«Зебосанам-2019»

Шоми 15-уми марти соли ҷорӣ дар толори пуршукӯҳи консертии «Кохи Суруш» Озмуни ҷумҳуриявии зебоӣ ва ҳунар «Зебосанам-2019» ҷамъбаст гардида, тамошобинон тариқи овоздиҳӣ ва аъзои ҳакамон тариқи холгузорӣ ғолибонро муайян карданд. «Зебосанам-2019» натиҷаи заҳмату талоши гурӯҳи корие мебошад, ки давоми 7 моҳ ба тамоми манотиқи кишвар сафар карда, зеботаринҳоро мисли дурдона яккачин карданд. Имсол ширкати ватании «Тоҷик Кристалл» бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ тавонист, озмуни мазкурро дар сатҳи баланд баргузор намояд. Ба иттилои расонаҳои ватанӣ, барои иштирок дар даври аввали озмуни «Зебосанам-2019» наздики 800 нафар духтарон аз тамоми шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ худро номнавис карда, 70 нафари онҳо ба даври дувум роҳ ёфтанд. Аз ин шумора 21 нафар ба даври ниҳоӣ роҳхат гирифтанд ва танҳо 1 нафари онҳо Шоҳҷоизаи озмунро ба даст овард.

Ғолибияти ногаҳонӣ

Маҳз бо сухандониву ширинзабонӣ, хушгуфториву ҳунармандӣ ва қаду қомати расо Мунира тавонист, Шоҳҷоизаи озмунро, ки аз 50 ҳазор сомонӣ ва тоҷи алмосӣ иборат буд, ба даст орад. Ӯ ҳеҷ интизор набуд, ки ғолибиятро ба даст оварда, Зебосанами Тоҷикистон интихоб мегардад. Мунира мегӯяд, ки бо тавсияи муаллимааш дар ин озмун иштирок кард ва ғолиб омаданаш барояш ҳодисаи ногаҳонӣ буд. «Ман корманди Телевизиони маҳаллии «Диёр»-и шаҳри Хуҷанд ҳастам. Як шом аз кор баромадаму ба хона мерафтам, ки дар роҳ муаллимаамро дидам. Он кас гуфтанд, ки пагоҳ дар «Кохи Суғдиён» озмуни «Зебосанам» баргузор мешавад. Ҳатман омада иштирок кун, ман боварӣ дорам, ки ту метавонӣ. Ба фикр фурӯ рафтам, иштирок кунам ё накунам, ҳайрон будам. Дар насибам будааст, ки ба даври дувум роҳхат гирифта, имрӯз Зебоснами Тоҷикистон ҳастам»,-мегӯяд, Мадина. Ба андешаи ӯ, агар инсон сабур бошад, ҳатман саодатманд хоҳад шуд.

Муаррифии чеҳраҳои нав

Умед Абдураҳмонов, директори толори ҷавоҳироти «Тоҷик Кристалл» мегӯяд, ташкил ва баргузор намудани чунин як озмуни сатҳи ҷумҳуриявӣ кори саҳл набуд, вале бомуваффақият паси сар шуду то андозае ба муаррифии чеҳраҳои нав ва ҷавондухтарони хушсалиқаву соҳибистеъдод саҳм гузошт. «Бори аввал соли 2011 Телевизиони «Сафина» ин рӯйи ин лоиҳа кор мекард ва озмуни «Зебосанам» ҳамон сол дар ҳамкорӣ бо ширкати ватании «Тоҷик Кристалл» баргузор гардида буд. Танҳо соли 2019 ба мо муяссар гардид, ки «Зебосанам»-ро бо дастгирии Ҳукумати мамлакат барпо намоем. Сафарбар кардани гурӯҳи корӣ, ташкил ва баргузор кардани ҳар як даври озмун, сабт ва банду басти наворҳо ва дар охир хароҷоти ин ҳама, кори саҳл нест. Лекин новобаста аз масрафи калон ва камбудиҳои ҷойдошта, мо ният дорем, ки соли 2020 низ озмуни ҷумҳуриявии «Зебосанам» баргузор карда шавад. Аслан, ман зиёд дар сафарам ва мебинам, ки дар дигар кишварҳо чӣ гуна озмунҳои зебоӣ дар сатҳи баланд баргузор мешаванд»,-қайд кард, Умед Абдураҳмонов.

Нияти созанда

Мунира орзуву ниятҳои зиёд дорад ва ҳар яки онҳо созандаанд. Ҷавондухтари ватандӯст ва дилсӯзи халқу миллат аст. Ният дорад, ки бо 50 ҳазор сомонии ба даст овардааш дар деҳаи худ як қатор корҳоро ба сомон расонад. «Бо ин маблағи бадастовардаам ният дорам, ки китобҳои тозанашрро харидорӣ карда, ба хонаи маданияти ҷамоати деҳоти Унҷӣ, ки ман он ҷо зиндагӣ дорам, ҳадя кунам. Баъдан ду муассисаи иловагии таълимӣ ҳаст, ки таъмирталабанд. Мехоҳам онҳоро таъмир кунам. Боқимондаи маблағро барои худам сарф хоҳам кард». Дар баробари Мунира Баҳромзода, аз ҷониби ҳайати ҳакамон ва тариқи овоздиҳии бинандагон Мадина Назарова «Зебосанами Душанбе», Сабрина Зуҳурова «Зебосанами Бадахшон», Абдураҳмонова Ширинмоҳ «Зебосанами Хатлон» ва Лолаи Ҳошим «Зебосанами Суғд» интихоб гардида, бо диплом ва ҷоизаи озмуни «Зебосанам-2019» сарфароз гардиданд.

 

Мақсад ва шартҳои озмун

Ёдовар мешавем, ки баргузории даври аввали интихобии озмун 6-уми августи соли 2019 дар шаҳрҳои Хуҷанд, Бохтар, Кӯлоб, Хоруғ, даври дуюм ва даври ниҳоии он моҳи ноябр дар шаҳри Душанбе баргузор гардид. Мақсад аз гузаронидани озмун эҳёи анъанаҳои мардумӣ, рушду равнақи либосҳои миллӣ, тарғиби ҳунармандӣ дар байни ҷавондухтарон, бахусус, интихоб ва пӯшидани либосҳои миллӣ, оро додани рӯю мӯй, тарзи дурусти истифодаи ҷавоҳирот аз ҷониби гулдухтарон, арҷгузорӣ ба анъанаҳои миллӣ, баланд бардоштани маърифати сиёсиву фарҳангии ҷавондухтарон ва ҳидояти онҳо барои бунёди оилаи солиму баркамол мебошад. Озмун аз рӯи шартҳои зерин ва риояи вақти муқарраргардида доир гардид: муаррифии ҳусни зебои табиӣ, эҷодкорӣ, санъаткорӣ, малакаи суханварӣ, маҳорати либоспӯшӣ ва басаҳнабароӣ, қобилияти ҳаракатҳои мавзун, қобилияти фикрронӣ, фарҳанги зебоипарастӣ ва ҳунарнамоӣ.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД