Зебо Лоиқова, сокини 39-солаи шаҳри Истиқлол (пештара Табошар) мебошад. Вай ҳанӯз айёми кӯдакӣ аз падару модар маҳрум гашта, дар хонаи кӯдакни шаҳри Душанбе тарбия гирифтааст. Ба қавли худи Зебо падараш тоҷик ва модараш рус будааст.
Зебо дар тамоми мусибату бадбахтиҳои худ ҷангро гунаҳкор медонад, зеро падараш қурбонии ҷанги бародаркушӣ гашту баъди сари падар модараш аз ғаму дарди зиёд ба бемории саратон печид. Зебо мегӯяд дар он солҳои бесарусомонӣ касе ба дарди касе парво надошт ва мдараш қурбонии ҳамин бепарвоиҳо гашта, аз бемории ба истилоҳ “рак” вафот кард...
Ҳамтақдирашро ёфт, аммо тақдир накард
Ҳамин тавр Зебои хурдакак ҳам аз падару ҳам аз модар маҳрум шуда, ба хонаи кӯдакони бепарастори шаҳри Душанбе меафтад. Вай дар ин даргоҳ қатори дигар кӯдакони ятим зери парастории давлат қарор дошт, вале қоида чунин аст, ки дар ятимхона ятимонро танҳо то дами ба балоғит расиданашон парасторӣ мекунанд. Зебо ҳам баъди ба воя расидан бо раҳнамоии чанде аз фаъолони вилояти Суғд ҳамроҳи 5-6 нафар ҳамтақдиронаш ба шаҳри Истиқлол (пештара Табошар) меояд. Дар ин шаҳр ба қавле дари бахташ кушода шуда, соли 2002 як ҷавони ятими кулро вомехӯрад ва бо андешаи он ки ин ҷавон ба мисли худаш ятим асту ӯро мефаҳмад, бо вай оиладор мешавад, аммо “камбағалро аз болои уштур ҳам саг мегазад” гуфтагӣ барин, ин ҷавони бекасу кӯй ҳам ба қадраш нарасид.
Шавҳари Зебодар аввал зоҳиран инсони хуб менамуд, вале баъдан рӯ ба шароб варду ба майнушӣ сахт дода шуда, рӯзи бе ин ҳам сиёҳи ӯро сиёҳтар кард. Латукӯби шавҳари майзада, ҷангу ҷанҷол, торафт пст шудани сатҳи иқтисодии оила-ин ҳама мушкилот Зеборо сахт азоб диҳад ҳам, ба сахтию пастиҳои зиндагӣ тоқат карда, бо умеди он ки як рӯз не, як рӯз зиндигашон шояд хуб мешавад, ду гулдухтар таваллуд кард, аммо тавлиди фарзанд низ натавонист шавҳарашро ба кӯчаи одамгарӣ баргардонад. Ба ҷойи ислоҳ шудану аз баҳри арақ гузаштан пас аз 10-соли ҳамзистӣ шавҳари ношукраш аз баҳри гул барин зану фарзандонаш гузашта, аз хона баромада рафт. Аламовараш он аст, ки 10 сол боз Зебо намедонад шавҳараш мурда аст ё зинда, чунки падари фарзанднаш соли 2012 аз хона баромада рафту бо ҳамин бедарак шуд. Ҳоло духтари калонии Зебо синфи 10 ва дуюмӣ дар синфи 7 мехонанд.
Маъюбе, ки нафақаи маъюбӣ намегирад
Зебо мувофиқи ташхиси духтурони шаҳри Истиқлол маъюби гурӯҳи сеюм мебошад, вале бораҳо барои гирифтани нафақаи маъюбӣ талош карда бошад ҳам, касе ба додаш нарасидааст. Беҳуда намегуфтаанд, ки “ятим рӯз бинад ҳам, рушноӣ намебинад”.
Ин зани танҳои бе касу кӯй ягона парастори ду духтари ятимаш буда, аз субҳи содиқ то шом ба кӯчарӯби машғул аст ва дар як моҳ ҳамагӣ 500 сомонӣ маош мегирад. Ин дар ҳолест, ки арзиши як халта орд имсол то 380 сомонӣ расидааст. Зебо ҳайрон аст, ки бо 500 сомонӣ чи хел зиндагиашро пеш бурда, фарзандонашро хӯронад, пӯшонад, хононад ва табобат кунад...
Фарзона Муродӣ