Зарнигори Рустам (zarnigori_rustam) аз ҷумлаи ровиёни хушсадову хушсимо ва серталошу муваффақи радио аст. Пайраҳаи тайкардааш сода нест, он саршори нофаҳмиҳо, монеаҳо ва акнун хушиҳост. Аммо корашро медонад ва дӯст медорад. Талош меварзад ва ба шунавандаҳо фараҳу шодӣ ҳадя месозад. Мо бо ин бонуи соҳибистеъдоду маҳбуб доир ба тамоми паҳлуҳои зиндагиву кораш суҳбат намудем, ки фишурдаашро манзури хонандагон мегардонем.
- Шумо аз чеҳраҳои муваффақи радиои тоҷик ҳастед, чаро дар бораи шумо, махсусан, фаъолияти эҷодиатон дар интернет маълумот кам аст?
- Ман ҳеҷ вақт аз қафои шуҳрату маъруфият надавидам ва кӯшиш накардам, ки ба воситае маро шиносанду эҳтиром кунанд ё дар бораам нависанд. Корамро дӯст медорам ва мекӯшам, ки барои шунавандаҳои радио барномаҳои ҷолибу шуниданӣ пешниҳод намоям, шуҳратталабию худхоҳиву худнамоӣ барои ман нест. Бубинед, солҳои пеш журналистони зиёди овозадор доштем, ки ҳоло дар интернет дар бораашон маълумот кам аст, аммо онҳо абадӣ дар дили мардуманд, маҳбуби халқ гаштаанд.
- Аз оне ки як журналист дар бораи як журналисти дигар наменависад ё намегӯяд, чӣ хубиву чӣ бадӣ дорад?
- Хуб аст, ки ҳамкасбони мо ба кору пайкори ҳамдигар таваҷҷуҳ карда, матлабе иншо мекунанд. Хубии ин амал дар он аст, ки мардум аз хизмати ҳамкасбони мо огоҳ мешаванд, зеро дар аксар ҳолат журналистон хоксорӣ мекунанд ва хизматҳои кардаашон пушти парда мемонад. Аммо тӯли фаъолияти журналистиам, ки 14 сол мешавад, ҳеҷ вақт интизор набудам ва тамаъ ҳам надорам. Нависанду гӯянд хуб, нанависанду нагӯянд ҳам, хафа намешавем.
- Дар куҷо таҳсил кардаед ва чӣ ихтисос доред?
- Факултети сиёсатшиносӣ ва муносибатҳои байналхалқии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистонро бо дипломи сурх ба итмом расонидаам.
- Вақте ки як дипломати оянда ровии радио шуд, атрофиён, махсусан волидон чӣ гуна қабул карданд?
- Албатта, зид буданд, махсусан модарам. Интихоби журналистика барои аҳли оила ва умуман авлоди ман ғайриинтизор намуд, зеро онҳо касбҳои гуногун доштанд, вале касе дар ин соҳа набуд. Ман тариқи озмун аз миёни чанд нафар дар радио ба кор қабул шудам ва қариб як моҳ аз аҳли оила пинҳонӣ кор мерафтам. Волидонам мегуфтанд, ки хатмкардаи донишгоҳи беҳтарину ихтисоси бозоргир ҳастӣ ва кор дар радио барои ту намешавад, аммо якравӣ кардам ва ба фикрам устовор мондам. Онҳо чун диданд, ки ин пешаро дӯст доштаму худамро дар ҳамин соҳа хушбахт мебинам, дигар зиддият нишон надоданд.
- Чаро махсус дар радио ба кор даромадед, дар газета ё телевизион не?
- Сабаби асосии радиоро интихоб карданам, ин тарс аз аҳли оила буд. Яъне, он замон ки сода будам, фикр мекардам, ки агар телевизион равам, маро волидонам мебинанд ва иҷозат намедиҳанд, аммо бехабар аз он ки метавонанд овозамро аз радио шунаванду шиносанд. Бовар мекунед, ҳамин тавр ҳам шуд. Вақте ки пинҳонӣ ба кор мерафтам, рӯзе модарам дар нақлиёти ҷамъиятӣ овозамро аз радио шуниданд ва хеле малол ҳам шуда буданд. Ва баъди ин ҳама солҳо, ҳоло хурсандам, ки радиоро интихоб кардаам, зеро ин ҷо ҳама чиз зинда аст, бо шунавандаҳо мустақиман дар тамос мешавам ва фазову муҳитро бештару беҳтар эҳсос мекунам.
- Ровии радио кадом намуди манбаъҳои даромади иловагӣ дошта метавонад?
- Даромади асосии ровӣ ин аз ҷойи кори расмӣ аст. Даромади иловагӣ бошад, дар натиҷаи хизмат кардан дар маъракаҳои гуногун ба даст меояд. Ва ҳамчунин, садо додан дар наворҳои таблиғотӣ.
- Наворҳои тарғиботӣ бо овози шумо пахш мешаванд, ҳолате буд, ки аз овоз додан ба рекламае даст кашида бошед?
- Шукр то имрӯз дар роликҳои таблиғотии зиёд садои ман сабт гардидааст. Ман бо тарабхонаҳо, ширкатҳо, бонкҳо, меҳмонхонаҳо, ширкатҳои таксӣ ва ғайраҳо ҳамкорӣ кардаам. Инчунин, дар наворҳои таблиғотии кишварҳои дигар, аз ҷумла Қазоқистон, Қирғизистон, Россия ва Ӯзбекистон ҳамкорӣ кардаам.
- Солҳои зиёд аст, ки мардум шуморо ҳамчун ровии муваффақ мешиносанд. Радио ба шумо чӣ доду аз шумо чӣ гирифт?
- Ному нон, таҷриба, ҷаҳонбинӣ ва ғайраҳо дод. Чун дар радио мо бештар бо нафарони касбу кори гуногун суҳбат мекунем, барои таҳияи барномаҳо бисёр ҷустуҷӯ мекунем, албатта, дониш зиёд мешавад, одамшиносу худшинос мешавем. Радио даргоҳи муқаддас аст.
- Дар кишвари мо ровиро чӣ гуна қадр мекунанд?
- Қадр шудан аз худи ҳар ровӣ вобаста аст. Ровие, ки кори худро медонад ва онро хуб иҷро мекунад, қадр мекунанд.
- Дар зери аксу наворҳоятон танҳо шарҳҳои мусбат ҳастанд. Бигӯед, ки дар ҳақиқат мардум фақат сухани хуб менависанд ё шумо суханҳои қабеҳро тоза мекунед?
- Аслан, ман дар Инстаграм аксу навори ношоиста ва бадномкунанда намегузорам, ки мардум суханони қабеҳ нависанд. Баъзан суханони ноҷо менависанд, аммо ман ҳам ба онҳо ҷавоби шоиста медиҳам, то ҳол ҳеҷ шарҳеро аз зери аксу наворҳоям пок накардаам. Шукр, ки корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ ба ман ва ҳунарам эҳтиром доранд.
- Инстаграм дар баробари он, ки вақти шуморо мегирад, ба шумо чӣ медиҳад?
- Инстаграм макони муаррифии ҳунар аст. Албатта, дар баробари сарфи вақт имкон медиҳад, ки ҳунарам тарғиб шавад ва таваҷҷуҳи мардум зиёдтар гардад.
- Ман “сториз”-ҳои шуморо тамошо кардам. Аз шумо бештар дар мавриди оиладор нашуданатон сабаб пурсон мешаванд. Ба фикри шумо чаро мардум ин қадар ба оиладор шудан ё нашудани як духтар таваҷҷуҳ доранд?
- Обуначиҳоям ба ин масъала бисёр таваҷҷуҳ доранд ва хеле зиёд мепурсанд. Мардум ба ҳаёти шахсии онҳое, ки дар ҷомеа каме шинохта шудаанду дар минбарҳои баланд, ба мисли радиову телевизион фаъолият мекунанд, диққат медиҳанд ва ба бархеашон шавқовар аст, ки ҳаёти пасипардагии одамони шинохта чӣ гуна аст. Махсусан, дар масъалаи оиладориву оиладоршавии ҷинси латиф мардум хеле зиёд таваҷҷуҳ менамоянд.
- Ҷое гуфтаед, ки “Оиладор нашудан даҳшат нест! Оиладор шудан бо касе, ки дӯсташ намедорӣ, даҳшат аст!”. Ин суханатонро чӣ гуна шарҳ медиҳед?
- Ба фикре ҳастам, ки оила муқаддас аст. Оиладорӣ бо нафаре, ки дӯсташ намедорӣ, муҳаббат надорӣ, ӯро намефаҳмӣ, дарк намекунӣ, дӯст намедорӣ ва ба хотири чизеву касе зиндагӣ мекунӣ, даҳшат аст. Дар он оилае, ки муҳаббат набошад, аслан он оила нест. Мутаассифона, ҳоло дар ҷомеа ҳастанд оилаҳое, ки ба хотири чизеву касе зиндагӣ доранд, ки ин ҳам хуб нест. Барои ман асоси пойдории оила муҳаббат аст, танҳо он вақт оила ва ҳамсарон хушбахт буда метавонанд, ки якдигарро дӯст доранд.
- Агар аз дастатон ояд, кадом мушкили ҷомеаро ҳал мекунед?
- Агар аз дастам меомад, ҳамаро ба китобхонӣ ҷалб мекардам, махсусан, насли наврасро, то ки сатҳи донистани забони тоҷикиашон беҳтар шавад. Мутаассифона, бархеҳо бо забони модарии худ дуруст суҳбат карда наметавонанд, дар мавзӯе бо забони адабии тоҷикӣ фикрашонро баён карда наметавонанд. Бадбахтона, мебинем, ки бархеҳо ду ҷумла нависанд, чандин хато мекунанд. Бояд барои пойдорӣ ва муаррифии забонамон кӯшиш кунем ва ҳамеша омӯзем. Донистани забонҳои хориҷӣ хуб аст, аммо ин маъноеро надорад, ки бояд забони худамонро надонем.
- Аз зиндагие, ки доред, розӣ ҳастед?
- Бале, шукри Худо розиам. Хушбахтам, ки ду пойи равону ду дасти гирову ду чашми бинову ду гӯши шунаво дорам. Хушбахтам, ки дар давлати соҳибистиқлолу озод зиндагӣ дораму ба кори дӯстдоштаам машғулам. Ва боз, хушбахтии асосии ман он аст, ки волидонам соябони сарам ҳастанд ва бо дуои онҳо рӯз аз рӯз месабзаму малакаҳои худро такмил медиҳам.
- Барои зиндагии орзуҳо доштанатон чӣ намерасад?
- Шукр, ҳоло ҳамон зиндагии орзуҳоямро дорам. Дар маркази кишвари озод зиндагӣ мекунам, ҷойи кори беҳтарин дорам, эҳтироми мардумро соҳибам ва аз ҳеҷ чиз камӣ надорам. Аммо ин ҳақиқат аст, ки баробари амалишавии орзуе боз орзуи нав тавлид мешавад. Орҳуҳо зиёданд ва ба амалишавии онҳо бовар дорам, зеро барои ба онҳо расидан кӯшиш мекунам.
- Аз кадом коратон ифтихор дореду аз кадомаш пушаймонед?
- Инсон бе хато намешавад, аммо фикр мекунам то имрӯз коре накардаам, ки пушаймон бошам. Шукр, то имрӯз дар роҳи рост ва бо сари баланд кор кардам. Мекӯшам, ки ҳамеша сари волидонамро баланд нигоҳ дорам ва намуна бошам. Агар дар мавриди ифтихор гӯем, ростӣ, боре ҳам аз худу кори худ ифтихор накардаам. Аммо медонам, ки атрофиёнам аз кору пайкори ман ифтихор доранд.