Дар пайи муноқишаи марзӣ мавридҳои оташсӯзӣ ва тахриби иншооти мулкиву иҷтимоӣ сабт шуд, ки ба даҳҳо миллион сомонӣ баробар аст
Мақомоти Идораи сӯхторнишонии Суғд баъд аз як моҳи таҳқиқ дар бораи ҳолатҳои сӯхтор ва хисороти расида дар пайи рухдоди муноқишаи мусаллаҳои марзӣ иттилоъ доданд.
Аз Раёсати хадамоти оташнишонии вилояти Суғд ба Sputnik Тоҷикистон гуфтанд, ки бар асари даргирии марзӣ дар рӯзҳои 14 -16 уми сентябр, 96 ҳолати сӯхтори хонаҳои истиқоматӣ ва иморату иншоотҳои ҷамъиятӣ дар шаҳру навоҳии Исфара, Бобоҷон Ғафуров ва Ҷаббор Расулов сабт шудааст.
Ҳамчунин, дар деҳоти шаҳри Исфара аз 74 ҳолати сӯхтор 26 миллиону 306 ҳазору 507 сомонӣ, дар ҳудуди ноҳияи Бобоҷон Ғафуров аз сабаби сухтори 21 иншоот 6 миллиону 294 ҳазор сомонӣ ва дар ноҳияи Ҷаббор Расулов аз ҳисоби як ҳолати сӯхтор 4500 сомонӣ маблағи зарар ҳисоб шудааст.
Масъулони Идораи сӯхторнишонӣ мегуянд, дар вақти рухдоди муноқишаи марзӣ бо гузаронидани корҳо беш аз 68 миллион сомонӣ молу амвол аз коми оташ эъмин нигоҳ дошта шудааст.
Чанде қабл Холмаҳмад Раҷаббойзода, муовини сардори КҲФ дар вилояти Суғд зимни натиҷагирӣ аз фаъолияти нуҳ моҳаи ин ниҳод ба хабарнигорон гуфт, ки танҳо дар шаҳри Исфара 56 хонаи сокинони осоишта ба пуррагӣ хароб гардидааст.
Ба таъкиди ин масъули идораи КҲФ вобаста ба пешниҳоди сокинон ин рақамҳо эҳтимоли изофа шудан доранд.
Ӯ гуфт, ки дар баробари хонаҳои сокинон 3 мактаб, 1 бунгоҳи тиббӣ, ду нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ ва масҷид дар ҳудуди Исфара хароб шудаанд.