Arzon march 2024
Зану шавҳар ҷудо зиндагӣ кунанд, байнашон талоқ меафтад?
1402

 

Зану шавҳареро медонам, ки соҳиби фарзанд ҳастанд, вале ҷудо зиндагӣ мекунанд. Касе аз забони ин мард нашунидааст, ки занашро талоқ дода бошад. Ҷудо зистан никоҳи онҳоро вайрон намекунад?

Саида, ш. Турсунзода.

 Посухи домулл Ҷамолидин Хомӯшӣ

Аслан, агар аз забони мард калимаи талоқ набаромада бошад, никоҳи онҳо вайрон нашудааст, вале ба ҳар ҳол, бо сабаби он ки муддати дуру дароз аз ҳамдигар ҷудо зиндагӣ мекарданд, як бори дигар никоҳ кунанд, беҳтар аст. Он гоҳ метавонанд бо дили пур зиндагиашонро давом диҳанд. Дигар ин, ки зану шавҳаре, ки дар никоҳ ҳастанд, набояд ҷудо зиндагӣ кунанд. Ҷудо зистан миёни онҳо сардӣ меорад ва метавонад боиси барҳамхӯрии оила шавад. Дини ислом зану марди никоҳдорро ба ҳам маҳрам фармудааст. Пас аз неъмати ҳузури ҳам бояд баҳраманд бошанд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД