arzon replenishment
Занозанӣ дар “Панҷшер” Посбонро бо шишаи шикаста чунон заданд, ки....
22.02.2022
Оила
2617

Ҷавонони сархӯш бо ғазаб шиши шаробро ба болои миз зада шикасанд ва девонавор бо ҳамон шишаи шикаста чунон ва банди пойи рақибашон зарбаи сахт заданд, ки хун фаввора зада шорид....
Мастӣ одамро натанҳо ба пастӣ, балки ба кунҷи зиндон ҳаммебарад. Ҳодисаи хунине, ки рӯзе қабл дар маркази дилхушии “Панҷшер” сар задааст, делили равшани ин гуфтаҳост.
Тавре ки вазорати умури дохилии кишвар хабар медиҳад, рӯзи 20-уми феврал, тахминан соатҳои 22-30-и шаб дар маркази дилхушии “Панҷшер”-и шаҳри Бохтар байни ду мизоҷ ва кормандони ин даргоҳ ҷангу ҷанҷоли хунин сар задааст. Ба иттилоъи манбаъ, ду сокини шаҳри Бохтар, ки яке 23 ва дигарӣ 25-сол дошта, қаблан бо қисми 2-и моддаи 237-и Кодекси Ҷиноятии Тоҷикистон суд шуда будааст, ба маркази дилхушии “Панҷшер” омада, нӯшкиҳои спиртӣ менӯшанд. Сипас ин ду мизоҷи сархӯш бе ягон сабаб бо пешхизмат ҷангу ҷанҷол карда, ӯро мезананд.
Бо дидани ин ҳолат посбони 28-солаи марказ, ки сокини ноҳияи Кӯшонён будааст, онҳоро берун карданӣ мешавад, вале яке мизҷони авбош шишаи шаробро шикаста бо ҳамон шишапора ба рони пойи чунон зарбаи сахт мезанад, ки дар як лаҳза ба хун оғӯшта мегардад. Посбонро бо захми хуншр ба бемористон бурданд, ҷавони авбошсурат бошад, барои ин амалаш акнун дар назди қонун ҷавоб хоҳад гуфт. Дар сурати исбот шудани гуноҳаш ин ҷавони беандеша дубора ба кунҷи зиндон афтида, чанд соли умри ҷавонашро дар пушти панҷа сипарӣ мекунад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД