arzon replenishment
ЗАНҲОИ АФҒОН ҲУНАРИҲОИ МАРДУМИРО ЗИНДА МЕДОРАНД
959


Имрӯз соати 14.00 дар дафтари Маҷмааи “Ориёно”-намояндагии муҳоҷирини афғон дар Тоҷикистон ба ифтихори Рӯзи модар-8 март ва ба хотири қадрдонӣ аз бонувони ҳунарманде, ки ҳунарҳои мардумиро зинда медоранд, маҳфили зебое барпо гашт.

Тавре ки Абдулмусаввир Баҳодурӣ, раиси маҷмааи “Ориёно” зимни суханрониаш қайд кард, саноати дастӣ баёнгари санъат ва ҳунари ниёгон аст. Ҳунарҳои дастӣ танҳо коло ё маводи тиҷоратӣ набуда, хусусиятҳои фарҳангӣ ва вижагиҳои ҳар як кавму миллатро ифода менамоянд. Ҳунарҳои дастӣ дар маҷмӯъ баёнгари завқ ва истеъдоди фитрии сокинони ҳар як кишвар мебошанд. Аз ин хотир мо бояд ҳунарҳои дастиро зинда нигоҳ дорем ва аз як насл ба насли дигар мерос гузорем...

Аз ҳамин хотир маҷмааи “Ориёно” ҳамчун рамзи сипосгузорӣ аз хонумҳое, ки ҳунарҳои миллии Афғонистонро то ба имрӯз зинда нигоҳ медоранд ва рушд медиҳанд, ин маҳфили зеборо ташкил намуда, ба 20 нафар бонувони ҳунарманд сипоснома тақдим намуд. Аксари занҳои ҳунарманде, ки дар маҳфил ҷамъ омаданд, аз зумраи муҳоҷирини иҷборӣ, ба қавли дигар бигӯем, гурезаҳои афғон буда, мушкилоти зиёде доранд, вале ба тамоми душвориҳо нигоҳ накарда, барои аз байн нарафтани ҳунарҳои миллии худ кӯшиш менамоянд. Ҳадафи дигари ин маҳфил тарғиби ҳунари дасти ин хонумҳо буд, то ки ин занони панҷ панҷаашон ҳунар тавонанд бо ҳамин роҳ дастмузде ба даст оварда, каме ҳам бошад, сатҳи зиндагии худро беҳтар созанд.

Тавре ки Баҳодурӣ мегӯяд, аллакай чанд нафар тоҷирони афғон ба молу маҳсулоте, ки ин занҳои ҳунарманд меофаранд, таваҷҷӯҳ зоҳир намудаанд ва мехоҳанд дӯхтани либосҳои миллии афғонӣ, махсусан куртаҳои арӯсии афғониро, ки дар худи Афғонистон қиммати хеле баланд доранд, ба ин хонумҳои ҳунарманди муҳоҷир супориш диҳанд.

Хадича Ҳайдарӣ, яке аз иштирокчиёни маҳфил мегӯяд, ӯ аз даврони ҷавонӣ ба ҳунарҳои мардумӣ шавқу рағбати хеле зиёд дошт. Аввалҳо дӯзандагӣ мекард, баъдтар ба ҷокакбофӣ ва қуроқдӯзӣ машғул шуда, дарёфт, ки эҳёи ин ҳунари мардумӣ ҳаловати дигаре дорад. Хадичабону якуним сол пеш аз Афғонистон ба Тоҷикистон гуреза шуд ва эҳсос намуд, ки “Ҳунарманд ҳар ҷо, ки равад, қадр бубинад ва дар садр нишинад” гуфтани Шайх Саъдӣ беҳуда набудааст. Ҳунари дасти ин бонуи афғон дар Тоҷикистон низ муштариёни худро дорад. Аллакай чанд нафар духтарҳои тоҷик ба ҳунари Хадича Ҳайдарӣ таваҷҷӯҳ зоҳир намуда, дар иду айём, хоса дар ҷашни наврӯзи оламафрӯз барояш ҳар гуна либосҳои милииро супориш медиҳанд...

Дар ин маҳфили зебои ҳунарӣ ҳамчунин намояндагони Ташкилоти Ҷамъиятии “Кӯдакон, гурезаҳо ва шаҳрвандони эҳтиёҷманд” ширкат варзида, хонумҳои ҳунарманди муҳоҷирро муборакбод гуфтанд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД