Arzon march 2024
Занҳои 65-сола духтарҳои ҷавонро ба як нӯл заданд?
1625

Зан дар ҳама синну сол зебост, агар худашро дӯст дорад ва ба чеҳраву сару либосаш аҳамият диҳад. Озмуни мӯд барои занҳои синну солашон аз 65-сола боло бори дигар ин нуктаро собит намуд.

Дар Донишкадаи санъати тасвирӣ ва дизайни пойтахт рӯзи 15-уми июн намоиши мӯди либосҳои миллӣ барои занон доир гардид. Ҷолибии ин намоиш дар он буд, ки моделҳо занони калонсол буданд.

Чорабинии мазкур бо ташаббуси фаъолони маҳфили дарозумрии “Ҳамдилон Опима” барпо гашт ва занони синну солашон аз 65-сола боло ба саҳна (подиум) баромада, нишон доданд, ки дар ҳама синну сол зан метавонад зебо ва зиндагиаш ҷолибу рангину шавқовар бошад.

Маҳфили дарозумрии “Ҳамдилон-Оптима” гурӯҳи ташаббускорест, ки барои нафақахӯрон ташкил шудааст ва онҳоро ба иштироки фаъолона дар зиндагӣ ва пешбурди тарзи ҳаёти солим ташвиқ мекунад.

“Синну соли одам муҳим нест. Бигузор дар ҳар даври ҳаёт шодмонӣ ҳамроҳи мо бошад. Бигузор дарси зиндагиро ин бонувон ба мо омӯзанд”-чунин буд шиори ташкилкунандагони чорабинӣ

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД