arzon replenishment
Зани шаттоҳ ва фарзандони падарбезор рӯзамро дар пирӣ сиёҳ карданд
26.03.2022
ОИЛА
3265


Салом! Ман-як падари аз ҷабри зану фарзандони нохалаф ба ҷон расида мехҳам сарнавишти талхамро ба шумо нақл крада, маслиҳат бипурсам. Бо зани якумам 12 сол сол зиндагӣ карда бшем ҳам, худо ба м фарзанд надод.

Ҳамсарам бисёр зани ҳунарманд ва покдомону меҳрубону худотарс буд, вале бечора аз ғами бефарзандӣ ба мисли ҳезуми тар дарун ба дарун сӯхта, оқибат ба касалии сил гирифтор гашт ва бо дили пурормон ин дунёи бевафоро падруд гуфту рафт. Хешу табор баъди гузаронидани маъракаҳои мотамии занам маро насиҳаткунон “сари танҳо нагард, охир пагоҳ пир мешавӣ, бояд зан гирифта соҳиби фарзанд гардӣ, то ки дар дами пирӣ бачаҳят дастатро игиранд” гӯён, масиҳат доданд, ки бо ягон бевазани кӯдакдор хонадор шуда, сари фарзандони ӯро сила кунам, бошад, ки худованд ба ман ҳам фарзанд диҳад.
Ҳамин тавр бо маслиҳати пайвандонам бо як бевазан, ки бо ду фарзанд аз шавҳараш ҷудо шуда буд, хонадор шудам. Мани дар ҳасрати фарзанд бачаҳои занамро мисли фарзандони худам дӯст дошта, бо меҳру муҳаббат ба воҷ мерасонидам ва тамоми ёфту тофтамро ба онҳ сарф мекардам.

Намедонам подоши ҳамин меҳрубониҳоям буд ё ба ҳоли мани сӯхтадил раҳми худованд омад, ки баъди ду-се моҳи никҳ карданамон занам ҳомиладор шуд ва якбора ду писари дугник таваллуд кард. Аз хурсандӣ гов кушта ба аҳли маҳалла тӯй додам. Пас аз ин мо боз соҳиби ду духтар шудем, вале ба муроди дил расида, соҳиби фарзандони зиёд гаштан маро хушбахт не, балки бадбахти лам гардонд. Занам бисёр занаки ҷанҷолӣ ва шаттоҳ аст, бачаҳои ӯро бо хуни дил калн карда, хонадор крада бшам ҳам, ба ҷойи раҳмат гуфтан, натанҳо бачаҳои худаш, балки фарзан они аз хуни ман ба дунё мадаро низ ба муқобилам мешӯронад. Маро мудом дар назди фарзанднамон бад кардани модарашон боиси н гаштааст, ки дигар на духтарон ва на писаронам маро ҳатто як зарра писанд намекунанд. Рӯзе нест, ки занам бо ягон баҳона бо ман ҷангу ҷанҷол карда, нони мехӯрдаамро дар баданам заҳр насозад. Фарзандонам мудом тарафи модарашонро гирифта, бо суханони нешдор дили маро зор медиҳанд.

Синну солам аз 70 гузаштааст, вале то ҳол кор мекунам, лекин касе ба қадрам намерасад. Замоне дар ҳасрати фарзанд месӯхтам, вале акнун аз дасти зани шаттоҳ ва фарзандони падарбезор ба фиғон омадам. Наход фарзанд падарро,к и қиблагоҳаш мехонанд, ин қадар ғаму ранҷу азоб диҳад?!

Чанд бор гуфтам, ки занак, ҳушатро ба сарат гирифта ҷангу ҷанҷолро бас кун ва фарзандонатро насиҳат кун, агар ҳамин хел карадан гиред, талоқатро медиҳам, дар дами пирӣ шарманда мешавӣ, вале занам дастак зада мегӯяд, ки маъқул набошад, ҷавобамро деҳ ва ҷомаатро гирифта баромада рав, ман чанд фарзанд дорам, ин хонаву дар ҳаққи ҳалоли ману бачаҳоям аст!

Илтимос, ба ман маслиҳат диҳед, чи кор кунам? Аз баҳри хонаву дарам гузашта талқи занамро диҳам ва боқимондаи умрамро дар хонаи бесоҳибон гузаронам ё ҳарчи бодо бод гуфта, то нафаси охирин ба нописандии фарзандони падарбезор ва ҷангу ҷанҷолҳои пайвастаи зани шаттоҳамро тоқат кунам?

А. С, сокини ш. Душанбе

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД