Салом хонандаи сомонаи дӯстдоштаам «Оила». Ростӣ, ҳамқисмати қаҳрамонҳои қиссаҳои пур аз дарди шумоям. Бо Фирдавс ном ҷавоне шинос шуда, волаву шайдояш гашта мондам. 4 сол бо ҳам будем, аммо...
Модарам ба издивоҷи мо зид баромаданд. Аз ҷонам бештар Фирдавсро дӯст медорам ва ба оне, ки маро офарид, таваллуду тарбия кард, имрӯз барои зидди ишқам бархостанаш нафрат пайдо кардам. Хотири сарват, хотири давлат, хотири пулу мол маро аз Фирдавси азизам ҷудо карда ба марди дорое ба шавҳар доданист очаҷонам! Намедонам зани чорум ё панҷуми он бойбобо мешавам. Бо амри модар хоҳаму нахоҳам ба ин издивоҷ маҷбуран розӣ мешавам, чунки дигар чора надорам. Аниқ медонам, ки сиёҳбат мешавам, чунки марди пулмаст албатта боз аз ман зеботареро ёфта ба рӯям зан мегирад.
Ҷойи Фирдавси маро касе гирифта наметавонад, вале қудрати барои ишқам мубориза бурданро надорам, чӣ кунам? Китоби зиндагиямро бихонӣ, Ғаму дарди маро он гаҳ бидонӣ. Хонандаи шумо Дилафгорӣ маро хуни ҷигар кард. Намехоҳам дигар ин зиндагонӣ.
Мӯъмина, ш. Ваҳдат