Ҳомиладорӣ давраи аҷиб аст, дили зан тез-тез ҳар хел хӯрданиҳои лазиз мекашад. Махсусан дар фасли тобистон даҳони зани ҳомила бо дидани меваю сабзавоти тару тоза об мекушояд, вале пеш аз оне, ки чизеро ба даҳон мебарад, модари оянда бояд андеша намояд, ки чизи мехӯрдааш ба саломатии ӯ ва тифли батнаш фоида дорад ё зарар.
Бомазза ва муфид
Аксари занҳои ҳомиладор фикр мекунанд, ки дар фасли тобистон ҳама чизро хӯрдан мумкин аст, зеро дар айёми гармо кас аз хӯрдани чизҳои хунук бемор намешавад, вале ин андеша комилан ғалат аст. Баъзе шириниҳое, ки шумо мехӯред, метавонад ба саломатии тифли батнатон таъсири манфӣ расонад. Аз ҷумла яхмос ва коктейлҳои хунук хӯрдани зан боиси иллат пайдо кардани гурда ва рӯдачаҳои тифли батнаш гашта метавонад.
Ояндаи фарзандатонро фикр кунед!
Зани ҳомила бояд пеш аз ҳама дар фикри саломатии фарзандаш бошад. Аз ҳамин хотир, зани бордор бояд бештар меваю сабзавоти тару тоза хӯрад ва бештар ғизоҳои аз сафедаҳо ва дигар моддаҳои муфид бойро истеъмол намояд.
Аз заҳролудшавӣ эҳтиёт бошед!
Хатари заҳролудшавӣ аз меваю сабзавот дар фасли тобистон зиёд аст, бинобар ин, пеш аз оне, ки чизеро ба даҳонатон мебаред, аҳамият диҳед, ки он мева ё хӯрок тосида ё вайрон шуда набошад. Махсусан ҳангоми харидани тарбузу харбуза низ эҳтиёт шудан лозим аст, зеро дар ҳавои гарм ба зудӣ вайрон мешаванд.
Фаромӯш накунед, тамоми маҳсулот ва ғизое, ки зан дар давраи ҳомиладорӣ истеъмол мекунад, бояд барои саломатии худи зан ва тийфли батнаш муфид, аз ҷиҳати экологӣ тоза, хушсифат бошад. Дар ёд дошта бошед, ки заҳролудшавӣ аз ғизо барои зани ҳомиладор бисёр хатарнок аст. Ҳоли зани ҳомила бар асари дилбеҳузурӣ ва қайкунии пай дар пай бад шуда, кор то ба исқоти ҳамл расида метавонад.
Бодиринги шӯр хӯрдан мумкин аст ё не?
Дили аксари занҳо дар давраи ҳомиладорӣ бар асари сарторикӣ шӯрию тезӣ мекашад. Махсусан хӯрдани бодиринги шӯрро занҳои ҳомила хеле дӯст медоранд, ҳол он ки барои худи зан ва тифли батнаш он зарар дорад. Аз ҳад зиёди помидору бодиринги шӯр хӯрдан дар давраи ҳомиладорӣ метавонад боиси ҷамъ шудани намак дар ҷисми зан гардад. Бар асари шӯрии бисёр низоми кори гурда вайрон шуда, дар натиҷа пойҳои зани ҳомила варам мекунанд ва худро беҳолу бемадор эҳсос менамояд. Шӯрии бисёр хӯрдани модар ба тифли батнаш низ бе таъсир намемонад.
Хӯрдани нони сафед ва шириниро кам кунед
Дар семоҳаи дуюм ва сеюми ҳомиладорӣ зан бояд истеъмоли баъзе хӯрданиҳоро нисбатан камтар кунад, то аз ҳад зиёд фарбеҳ нашавад. Кӯшиш кунед, ки ба ҷойи нони сафед нони сиёҳ хӯред ва истеъмоли кулчақанду шириниҳоро камтар намоед. Вазни зиёдатӣ дар давраи ҳомиладорӣ метавонад боиси баланд шудани фишори хуни зан, варам кардани пойҳо ва вазнин гузаштани таваллуд гардад.
Кам-кам, вале тез-тез хӯред
Дар давраи ҳомиладорӣ якбора хӯроки бисёр хӯрдан мумкин нест, зеро ҳазми ғизо душвор мегардад. Зани ҳомила бояд кам-кам, вале тез-тез хӯрад. Хӯрдани таомҳои бо равғани ҳайвонот (равғани гӯсфанд, гов ва ғайра) пухташуда маслиҳат дода намешавад. Хӯрок бо равғани растанӣ бояд пухта шавад.
Пеш аз харидан, ҳатман хонед!
Тавре ки болотар гуфтем, заҳролудшавӣ аз ғизо дар давраи ҳомиладорӣ бениҳоят хатарнок аст, бинобар ин, вақте ки барои харид кардан ба бозор ё мағоза меравед, ҳатман пеш аз харидан диққат диҳед, ки мӯҳлати истифодаи он хӯрдание, ки шумо гирифтаниед, нагузашта бошад. Махсусан ба хӯрданиҳои консервашуда ва замбурӯғ диққати ҷиддӣ додан лозим аст, зеро аксаран маҳз пас аз истеъмоли консерва одамон заҳролуд мешаванд. Дар айёми гармо дар харид ва истеъмоли ҳасиб низ бояд эҳтиёт шуд, чунки маҳсулоти гӯштӣ тез вайрон шуда, заҳролудшавиро ба миён оварда метавонад. Аммо гӯшти дар об ё буғ пухташуда аз сафедаҳо ва дигар моддаҳои муфид бой буда, барои саломатии худи зан ва тифли батнаш фоида дорад.
Аз шир эҳтиёт шавед!
Дар фасли тобистон шир хеле зуд вайрон мешавад, бинобар ин, занони ҳомила бояд танҳо шири навдӯшидашударо истеъмол кунанд. Маҳсулоти ширӣ, аз ҷумла творог, кефир ва қаймоқро дар тобистон ҳамеша дар яхдон нигоҳ доштан лозим аст.
Мизро аз меваю сабзавоти тару тоза пур кунед
Дар фасли тобистон зани ҳомила бояд ҳарчӣ бештар меваю сабзавоти тару тоза истеъмол намояд, то ки ҷисми худ ва тифли батнашро аз витаминҳо шодоб гардонад. Аммо пеш аз хӯрдан меваҳоро тоза шустан лозим аст.
Меваҳои ватаниро шумо метавонед шуста бо пӯсташон хӯред, вале меваҳои аз дигар кишварҳо овардашударо ҳатман пӯст кардан лозим аст, зеро барои он ки дар тӯли роҳи дурудароз вайрон нашаванд, ба ин меваҳо химикатҳои бисёре мепошанд.
Аз аллергия эҳтиёт бошед!
Дар давраи ҳомиладорӣ организми зан бисёр ҳасос мегардад ва истеъмоли ҳар хел хӯрданиҳои бегона метавонад аллергияро ба вуҷуд орад, бинобар ин, эҳтиёт шудан лозим аст. Зани ҳомила махсусан дар хӯрдани маҳсулоти баҳрӣ, аз қабили моҳии сурх, икра, карамбола ва меваҳои ситрусӣ хеле эҳтиёткор бошад. Беҳтараш то ба дунё омадани тифли батнатон аз хӯрдани ин чизҳо худдорӣ намоед.