arzon replenishment
Зани муҳоҷир: Духтаронам бе дуои падар шавҳар карданд
2103
Зани муҳоҷир:  Духтаронам бе дуои падар шавҳар карданд

 

Ба Русия рафта зани дигар гирифтану зану фарзан дони худро ба гӯшаи фаромӯшӣ афкандан барои иддае аз мардони тоҷик, ки ба муҳоҷирати меҳнатӣ мераванд, мӯд шудааст.

Бо баҳонаи набудани ҷойи кор ба кишвари дигар рафта, баъзе мардон он қадар беинсоф мешаванд, ки ҳатто як бор фикри чи хӯрдану чи пӯшидан ва чи ҳол доштани зану кӯдакони худро намекунанд. Қаҳрамони барномаи мо аз ҷумлаи занонест, ки ҳамсараш ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафта, бо ҳамин натанҳо қарзи шавҳарӣ, балки қарзи падарии худро низ аз ёд бурдааст.

“30-соло мешавад, ки ман роҳи шавҳари муҳоҷирамро мепоям. Вақти рафтанаш 30-сола будаму фарзанди калониамон нав синфи 1 мехонд. Яккаву танҳо 4 фарзан дро ба воя расонида, хонадор кардам ва имрӯз соҳиби чанд набера ҳастам, вале сарам аз роҳпоӣ сафед шуда бошад ҳам, то ҳол аз падари фарзандонам дарак нест. ..”-мегӯяд ин зани тоҷик бо алам.

Дар барномаи навбатии “Муҳоҷирати бехатар” бахшида ба мавзуи “Зан ва муҳоҷират” коршиносон мушкилоти ин зан ва дигар занони тоҷикро, ки шавҳаронашон дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарор доранд, мавриди баррасӣ қарор додаанд. Равоншинос Наргис Тоймастова бар он назар аст, ки пеш аз оиладор шудан бояд аз худ бипурсад, ки оё тавони кашидани бори масъулияти шавҳарию падариро дорад ё не? “Бисёриҳо танҳо бо андешаи он ки писарамон ба балоғат расидаасту бояд зан гирад, арзандонашонро хонадор мекунанд, вале худи ҷавон ба оиладор шудан омода нест ва баъди тӯй бемасъулиятона рафтор карда, ҳамсарашро дар Тоҷикистон монда ба Русия мераваду бо ҳамин зан доштанашро гӯё фаромӯш мекунад. Ин хатои бузург аст”-мегӯяд равоншинос.

Хуҷаназар Акбаров, намоядаи Хадамоти муҳоҷират ҳам бар он назар аст, ки шавҳар бояд ҳатман ҳамсару фарзандонашро бо сару либос, хӯрок ва дигар маводҳои зарурии рӯзгор таъмин намояд, вале дар масъалаи ба ҷустуҷӯйи шавҳари бемеҳр рафтан назари дигар дорад. Хӯҷаназар мегӯяд, занҳои тоҷик табиатан пурбар дошт ҳастанд ва ин зан, ки 30 сол роҳи шавҳарашро интизорӣ кашидааст, брояд боз сабр кунад, рӯзе падари фар зан донаш ҳатман бармегардад.

Идомаи баҳсро худатон тамошо карда, хулоса бароред, ки дар чунин ҳолатҳо зани тоҷик бояд чи кор кунад...

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД