Formula novemver 2024
Зани дуюму сеюм вафо надорад, ҷӯраҳо!
1643


Салом! Одатан мардҳо ба касе дарди дил намекунанд, вале ман мехоҳам саргузаштамро нақл кунам, то ба дигар ҷавонмардон дарси ибрат шавад ва аз рӯйи гапи дигарон оилаи ободашонро вайрон карда, баъд аз кори кардаашон пушаймон нашаванд.

Ману ҳамсарам Дилноза бо ишқу ошиқӣ оила барпо карда будем. Волидонам, махсусан модарам ба издивоҷи мо аз аввал розӣ набуданд, аммо ман ду поямро ба як мӯза андохта, хоҳед-нахоҳед ҳамин духтарро ба занӣ мегирам мегуфтам.

Модарам ночор розӣ шуда, хостгорӣ рафтанд ва духтари дӯстдоштаамро бо тӯю тамошо арӯс карда ба хона ба хонаамон оварданд, вале аз рӯзҳои аввал Дилнозаро чашми дидан надоштанд ва мудом айбу гуноҳашро кофта мегаштанд.

Новобаста ба айбҷӯиву хӯрдагириҳои модарам муносибати ману арӯсам хуб буд, чунки мо ҳамдигарро дӯст медоштем ва ҳурмату эҳтиром мекардем. Худованди меҳрубон дар 5 сол ба мо се фарзанди гул барин зеборо насиб гардонида бошад ҳам, модарам ҳеҷ бо зани ман соз намегирифтанд.

Пас аз тавлиди фарзанди сеюмамон ҳамсарам Дилноза бемор шуда, аз ҳуш мерафтагӣ шуда монд ва модарам бо ҳамин баҳона ӯро ба хонаи падару модараш бурда монду аз ман талаб кард, ки талоқи занамро диҳам. Падару модарам бо даҳони пур мегуфтанд, ки зани касалиатро сар деҳ, мо ба ту зани духтар гирифта медиҳем.

Хулласи калом мани беандеша ба балвои наздиконам дода шуда, занамро талоқ додам ва бо духтари дигаре хонадор шудам, аммо ҳамсари навам бисёр шаттоҳу ҷангара баромад. Аз байн як сол нагузашта аз зани дуюмам ҳам ҷудо шудам ва ин дафъа як зани шавҳармурдаро бо ду фарзандаш ба никоҳи худ даровардам. Зани сеюмам одами бад набуд, лекин фарзандонаш маро қабул накарданд. Намедонам аз рӯйи рашк буд ё маро ба ҷойи падарашон дидан барояшон душворӣ мекард, ки онҳо тез-тез аз хонаи ман фирор мекарданд. Зани бечора байни обу оташ монда, чи кор карданашро намедонист. Ягон модар аз баҳри фарзандонаш гузашта наметавонад ва ҳамсари ман низ оқибат маҷбур шуд, ки бачаҳояшро гирифта, аз хонаи мо баромада равад.
Ҳамин тавр ман баъди Дилноза 4 маротибаи дигар оиладор шуда бошам ҳам, дигар рӯйи бахтро надидам. Падару модарам бемор шуда, аз дунё гузаштанд. Азбаски ман дар оила фарзанди ягона будам, имрӯз дар манзили худ мисли чуғз дар вайрона тани танҳоям. Ба мардон гуфтаниям, ки ҳаргиз барои гапи дигарон шуда, аз ҳамсар ва фарзандонатон ҷудо нашавед, чунки бахт бахти аввал будааст. Зани дуюму сеюм ба кас вафо намекунад, ҷӯраҳо!

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД