arzon replenishment
Зани 75-сола зери чархи мошин ба ҳалокат расидааст
27.03.2025
Oila.tj
473

Бино ба иттилои ВКД, рӯзи 26-уми март, тахминан соати 16:20 дар роҳи автомобилгарди Душанбе-Бохтар зани 75-сола зери чархи мошин монда, ба ҳалокат расидааст.

Ба иттилои манбаъ, ронандаи 28-солаи автомашинаи тамғаи “Хундай Портер”, сокини ноҳияи Хуросон ҳангоми ҳаракат аз Бохтар ба Душанбе аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, сокини дигари ин ноҳия Исмоилова Улуғбии 75-соларо, ки роҳро мегузаштааст, пахш намудааст.

Гуфта мешавад, ки зан бар асари ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ дар беморхона ба ҳалокат расидааст.

Оид ба ин ҳодиса таҳқиқот идома дорад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД