Қутфинисо Пӯлотова аз зумрае занҳоест, ки дар васфашон мегӯянд: “Панҷ панҷаи ин зан ҳунар аст!”
Падараш дуредгар буд ва Қутфинисо аз овони кӯдакӣ ба кору бори падари ҳунармандаш ёрӣ расонида, оҳиста-оҳиста нозукиҳои ин касбро аз худ кардаат. Падараш Пӯлод Додоҷоновро дар Истаравшан чун устои чӯбкор мешиносанд. Ӯ дару тиреза, гаҳвора, аробача (хадуноки чӯбин) гаҳворача барои бозии кӯдакон, тахтаву тирак, ва дигар лавозимоти рӯзгор месохт. Қутфинисо пайваста ба падараш кӯмак намуда, сохтани ин чизҳоро ёд гирифтааст ва имрӯз даврони кӯдакию наврасиашро ба ёд варда чунин қисса мекунад:
"Падарам устои чӯбкор буданд. Модарам ва мо фарзандон ба падарам кӯмак мекардем, бар замми ин, дар вақтҳои холигӣ ва шабона, баъди хӯрдани хӯроки шом ҳамроҳи модарам нишаста тоқӣ медӯхтем. Дар оилаи мо ҳама ҳунарманд буданд ва ман бисёр вақт бо хоҳаронам гаҳвораву аробачаҳоро рангу бор карда, оро медодем, корҳои вазнинро бошад, бештар бародаронам анҷом медоданд. Падарам таъкид мекарданд, ки ҳунар ҷинсият надорад, барои ҳамин ҳар кадоми мо баҳри ҳунарманд шудан талош меварзидем...”
Холаи Қутфинисо мегӯяд, падараш барои кори ҳаррӯзаи фарзандонаш маош ҷудо карда, онҳоро ба ин васила ба кор дилгарм месохт.
Ин марди хирадманд бар замми ёд додани ҳунарҳои гуногун барои давом додани таҳсил дар мактабҳои олӣ барои фарзандонаш шароитҳои заруриро фароҳам оварда, онҳоро ба гирифтани маълумот талқин мекардааст. Қаҳрамони мо низ таҳсилашро дар риштаи ресандагӣ давом дода, фаъолияти минбаъдаашро дар корхонаи "Трикотажи Ӯротеппа" давом додааст. Тавре ки худи Қутфинисо нақл мекунад:
"Пас аз хатми ихтисоси ресандагӣ ба корхонаи "трикотаж" ба кор даромадам. Дар муддати шаш моҳ инструктор шудам. Либосҳои истеҳсоли корхонаи мо бештар ба хориҷа содирот мешуданд. Дӯзандагӣ ҳарчанд кори саҳл намояд, ҳам, аммо ба худ душвориву нозукиҳо дорад, вале азбаски ман солҳо дар назди падар дуредгарӣ кардаву бар замми ин тоқидӯзию дигар ҳунарҳои занонаро аз модарам омӯхта будам, дӯзандагӣ бароям осон менамуд. Бо гузашти як сол дар корхонаи мазкур, мастер, яъне усто шудам. "
Қаҳрамони мо дар фабрикаи мазкур зиёда аз даҳ сол кор кардааст. Дар тӯли ин солҳо Қутфинисо Пӯлодова шогирдони зиёдеро ба воя расонидааст ва фаъолияти пурсамараш аз ҷониби корхона ва ҳукумати шаҳр борҳо бо ифтихорномаву сипосномаҳо қадрдонӣ шудааст.
Холаи Қутфинисо новобаста ба он ки синну солаш ба ҷое расидааст, т ба имрӯз наметавонад аз ҳунари дуредгарӣ дар канор бошад. Фарзандонаш таъкид мекунанд, ки дар хона нишаста давлати пирӣ ронаду дуои ҷони онҳоро кунад, вале ӯ бо баҳонаи "аз бекорӣ хаста мешавам” ин зани меҳнатқарин боз ба кор мебарояд.
"Вақте кас ба ягон ҳунар ё умуман ба коре шуғл меварзад, чунон ба он дил мебандад, ки наметавонад аз касбу ҳунари дӯстдоштааш лаҳзае фориғ ё дур бошад. Меҳри дуредгарӣ ки дар рагу пайванди ман ҷой дорад, наметавонам фурсате аз он дур бошам." -мегӯяд хола.
Бар замми дуредгарию дузандагӣ ин зани меҳнатӣ ҳамчунин ба фурӯхтани "барфак" машғул аст. Барфакҳои таёёр мекардаи ин кампири 74-сола ба дӯстдорони ин ширинӣ хушоянд аст.