Ману шавҳарам дар ҷавонӣ ҳамдигарро дӯст дошта, хонадор шуда будем. Шукри худо ҳоло соҳиби 3 фарзанди нозанин ҳастем ва зиндагии ширин дорем. Аммо вақтҳои охир баъзан хоб мебинам, ки шавҳарам зани дигар гирифтааст. Ростӣ орому қарори худро аз даст додаам. Метарсам, ки падари фарзандонам маъшуқа наёбад ё зани дигар нагирад. Илтимос, таъбири хоби маро бигӯед.
САЙЁРА, сокини ш. Душанбе
Посух:
- Занҳо аз зангирии шавҳарашон бештар аз марг метарсанд, вале набояд аз рӯйи хобҳои дидаатон шубҳаву гумонҳои бадро ба дил роҳ диҳед. Тавре ғайбдони машҳур Ванга гуфтааст, зани дигар гирифтани шавҳараш дар хоби зан аз он гувоҳӣ медиҳад, ки ӯ худро дар ҳаёт шахси даркорӣ ҳис намекунад ё ба садоқат ва муҳаббати ҳамсараш боварӣ надорад. Норозигӣ аз рафтори мард ё рашки пинҳонии зан низ метавонад боиси дидани чунин хобҳои нохуш гардад.
Аммо дар хобномаи исломӣ омадааст, ки дар асл зангирии шавҳар дар хоби зан фоли бад нест, баръакс ин нишонаи боигарӣ мебошад. Зан хоб бинад, ки шӯяш дар болои ӯ зани дигар гирифтааст, шавҳараш соҳиби даромади калони пулӣ гашта, бою бадавлат мешавад.
Зангирии шавҳар дар хоби зан метавонад нишонаи тарсу ҳарос аз хиёнати мард ё аз даст додани бахти худ низ бошад.
Дар маҷмуъ, зан гирифтани мард дар хоб фоли нек буда, аз афзоиши файзу баракат дар он хонавода дарак медиҳад.