Кормандони милитсия як марди 41-солаи сокини ноҳияи Рӯдакиро бо гумони одамкушӣ дастгир кардаанд. Гуфта мешавад, ки мард занашро дар Русия кушта, ба Тоҷикистон фирор намудааст.
Бино ба иттилоъи ВКД боздоштшуда ҳангоми дар шаҳри Санкт-Петербурги Русия қарор доштанаш бо ҷавонзани 32-солаи сокини ноҳияи Варзоб ақди никоҳи мусулмонӣ бастааст, вале пас аз се моҳи ҳамзистӣ бо сабаби рост наомадани хислатҳояшон онҳо аз ҳам ҷудо шудаанд. Мард думболагириро идома дода, рӯзи 3-юми феврали соли равон собиқ ҳамсарашро дар назди ҷойи кораш интизор шуда, баъди ба таксӣ нишастани зан аз паси мошин равон шудааст. Гумонбаршуда дар нимароҳ таксиро нигоҳ дошта, занро зӯран аз он берун кашида, ба мошини худаш савор кардааст. Байни онҳо дар роҳ муноқишаи лафзӣ сар зада, дар рафти ин моҷарои лафзӣ мард дастаи оҳанинро гирифта, занро бераҳмона лату кӯб кардааст. Дар натиҷа зан ба ҳалокат расида, шавҳари золим барои рӯйпӯш намудани ҷинояти содиркардааш ҷасади ӯро дар ҷангал пинҳон намуда, ба Тоҷикистон фирор кардааст.
Айни замон нисбати ин марди 41- сола бо қисми 1-и моддаи 104-и Кодекси ҷиноятии ҶТ парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.