Sebiston new 2024 october
Зан не, балои ҷони шавҳар!
3556

Ба ҳар ҳудаю беҳуда, будаю набуда ва кори шудаю нашуда шӯру мағал бардоштани холаи Шарофат натанҳо ба дил, балки ба шушу ҷигари шавҳараш ҳам зада буд. Ҳамин саҳар амаки Ҳомид аз хоб хест, ки ҳавлӣ ором, аз ҳеҷ ҷой овози “форам”-и ҳамсараш ба гӯш намерасад. Гумон кард, ки ӯ говро ба пода бурдааст ё лаби ҷӯй обгирӣ рафтааст.
-Эй Худованди карим, кошки ҳавлӣ ҳамеша ҳамин хел ором бошад, пашша пар занад, шунида мешавад-а!
Ҳанӯз орзуву ормони Ҳомид-амак ба охир нарасида буд, ки чун анъана садои холаи Шарофат ба гӯш расид:
-Эй мардак, рӯз пешин шуд, кӯдаки беғам барин хоб мекунед-мӣ?”
Ба гӯш расид не, аниқтараш пардаи гӯшашро дарронд.
Амаки Ҳомид оҳи сарде кашида овоз дод:
-Ман бедорам, дар рӯи ҳавлӣ, занак!
-Ҳаминро барвақттар гӯед, намешавад! Ман шумо дар хона будагистед гуфта, аз тиреза як соат боз фарёд карда гаштиям.
-Хона дар дорад охир, занакҷон,-мӯйсафед инро гуфту дар бало монд.
-Медонам, ки дар дорад, аммо ман аз кӯча омадаму тиреза наздиктар буд-дия,-бидиррос зад Шаофатхола ва афзуд:-Мардак, гапро дароз накарда, шип-шипа нонушта кунеду барвақттар ба бозор равед, имрӯз рӯзи бозор, савдокушоён гуфта, тамоми маҳсулота арзон-арзон харида мегиред...
-Занак, мон ақаллан фурӯшандаҳо аз хобашон бедор шаванд, баъд ба бозор меравам, охир ҳозир соат нав панҷи саҳар аст...
-Ин шумо то нисфирӯзӣ фаххос зада мехобед, фурӯшандаҳо кайҳо дар бозор, гапа ғоз надода аз пайи кори фармудаам шавед!-Ба миёни гапи шавҳараш лагад зад Шарофатхон.-Ман ҳозир ҳавлиро ҷорӯб мезанаму модарамро хабаргирӣ меравам, баъд ба дидани додарзодаам рафтанам лозим. Кудо ҳам ҳамин рӯз зодрӯз доштааст, як сари қадам рафта ӯро табрик карда мемонам...
-Хайр, майлаш, ман ҳозир ширчоямро хӯрда ба бозор меравам, фақат гӯй, ки чиҳо хариданам лозим занакҷон,-Мӯйсафед дид, ки кампираш кайҳо зину афзоли аспи сафарашро тайёр кардааст, хурсанд шуда ба хушомад гузашт.
-Ман шаб то саҳар мижа таҳ накарда, рӯйхати маҳсулоти лозимаро калон-калон навишта мондам, ана дар рӯи сандалӣ истодааст. Мабодо боз ягон чизи дигар ба ёдам занад, занг зада мегӯям. Телефонатонро фаромӯш накунед мардак,-Шарофатхон чунон гап мезад, ки гӯё дар ягон маҷлис ё шӯро ҳамчун раиса баромад карда истода бошад.
Амаки Ҳомид аз пайи иҷро кардани амри ҳамсараш ба хона даромад. Дар болои сандалӣ рӯйхати “шаб то саҳар мижа таҳ накарда” навиштаи Шарофатхон меистод. Мӯйсафед рӯйхатро кушоду якбора ӯро гӯё барқ зад. Маҳсулоти “зарурӣ”-и дар қағаз навиштаи кадбону чунон зиёд буд, ки мардаки бечора ба ваҳм афтод:
1. 5 кг гӯшт,
2. Ҳасиби капчённий
3. Писта,
4. Бодом,
5. Мағз,
6. Шоколади российский
7. Ҳалвои эронӣ
8. 10 намуд меваи тар
9. Як каробка тухм.
10. Як дастагули тару тоза
11. Як кафши баҳоронаи пошнабаланд ва ғ...
Бо дидани рӯйхат табъи мӯйсафед чунон хира шуд, ки дигар ҳатто як қулт чойи дамкардаи кампираш ҳам аз гулӯяш нагузашт.
Ҳомид-амак худ ба худ фикр мекард, ки ин қадар чизҳои бомазаро занаш ба кадом хотир навишта бошад. “Ин занак боз чӣ маъракае карданист” хулоса баровард мӯйсафед ва дар хона ақаллан як тангаи зангзадаро намонда, тамоми пасандозашро ба ҷайбаш зада, роҳи бозорро пеш гирифт.
Ҳама чизҳои фармудаи занашро аз рӯйи рӯйхати дар кисааш буда харида, баъди нисфирӯзӣ мардак хаставу ранҷур ба хона баргашт, вале аз зани маъракаорояш дарак набуд.
Шарофатхон бегоҳӣ, баъди сайри 5-6 соата ба хона баргашт ва сумкаву каробкаҳои қаторро дида, аз шодӣ лабаш то баногӯшаш кушода шуд. Зан чунон бо шавқу ҳавас табассум кард, ки бо ду дандони иловагияш 34 дандонаш ялаққос зад. Амаки Ҳомид тӯли таърихи дарози оиладориашон чунин хурсанд шудани занашро бори аввал медид. “ВАЙ БАРАКА ЁБЕД, МАРДАКҶОН-Е” гӯён, Шарофатхон аз пайи пухту паз шуд.
Пагоҳӣ мард аз хоб хеста дид, ки меҳмонхона оростагӣ, дастурхони семетра бо нӯшу неъматҳои овардааш чунон оро дода шудааст, ки ҷои сӯзанпартоӣ нест. Шарофатхон худашро мисли наварӯсон ончунон орою торо додагӣ, ки шинохтанаш душвор гаштааст.


Дар ҳамин асно ҳаққу ҳамсоя, хешу табор, се қудо, хулоса, ҳама ҳозир шуданд. Шарофатхон куртаи навашро пӯшида ҳар замон ба оина менигарист, мунтазир буд, ки лоақал аз ҳозирин касе “куртаатро кай харидӣ?” ё “ин курта ба ту бисёр зебидааст” мегӯяд, вале маслиҳат кардагӣ барин, ҳама ба лаб муҳри хамӯшӣ зада буданд. Шарофатхола дигар тоқат накарда худаш нимшӯхию нимҷиддӣ гуфт:
-Либоси нава хосияташ нағз гуфта дар рӯзи мавлудам куртаи нав дӯзондам.
-Ҳа, ранги куртаи ман будааст,-луқма партофт қудои хурдиаш.
Ин гапи бад набошад ҳам, ваҷоҳати соҳибҷашн якбора тағйир ёфта, ду пояшро ба як мӯза андохта “куртаи ман аз они шумо барин не, сифати ин дигар” мегуфт.
-Не, айнан худи худаш,-якравӣ мекард қудозан.
-Куртаи шумо саршавии рӯлон (бастаи материал) аст, аз они ман аз миёнааш. Таъсири офтоб нарасидагӣ,-гапи дигар наёфта далел овард Шарофатхола.
Ин гапи Шарофатхолаи 65-сола аз яксола то 80-соларо ҳайрон кард, ҳатто китфони қудоҳо пир-пир парида аз дарун-дарун хандиданашон дарак медод.
Хуллас, ин холаи як рӯз якраву як рӯз гаправ “аз асп фарояд ҳам аз эзангу намефаромад”, ҳа намефаромад...
Фарзона Муродӣ

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД