Formula novemver 2024
Зан 20 ҳазор долларро дар туфлиаш пинҳон карду...
1172

 

Дар марзи Ӯзбекистон ва Тоҷикистон кормандони хадамоти гумрук занеро дастгир кардаанд, ки 20 ҳазор долларро дар даруни туфтиаш пинҳон карда буд...

Дафтари матбуотии Хадамоти амнияти Ӯзбекистон дар саҳифааш дар Телеграм аз боздошти як зан бо гумони қочоқи асъори хориҷӣ хабар додааст. Тавре ки манбаъ мегӯяд, рӯзи 18 июл кормандони амният ва гумрук дар посгоҳи “Фарҳод” дар марзи Ӯзбекистон бо Тоҷикистон як сокини шаҳри Бекободи вилояти Тошканд Ш.М., соли таваллудаш 1979-ро дастгир кардаанд, ки мехост маблағи хориҷиро ба Тоҷикистон гузаронад. Ҳангоми тафтиш маълум шудааст, ки ин зан 20 ҳазор доллари нақдро дар пойафзолаш пинҳон карда, ба таври қочоқ ва бидуни эъломияи гумрукӣ мехостааст асъори хориҷиро ба маблағи калон ба Тоҷикистон гузаронад.

Дар ҷараёни тафтиш маълум шудааст, ки ин зан пештар ҳам барои қочоқи ғайриқонунии асъори нақд ба Тоҷикистон дастгир шуда, дафъаи пешин дар даруни либоси танаш 70 ҳазор долларро пинҳон карда будааст.

Мақомоти Ӯзбекистон бар он назаранд, ки пулҳо дар асл ба як сокини Тоҷикистон тааллуқ доранд ва ин зан вазифаи қосидро иҷро карда, асъори хориҷии каси дигарро бар ивази ҳаққи муайян аз марз гузаронидан мехостааст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД