Formula novemver 2024
Закия шавҳари афғон кард?
06.06.2022
ОИЛА
1878


Аз миёни сарояндагони ҷавони имрӯза бештар ҳунару маҳорат ва садову сурати Закиябону хеле писандам аст.

Ҳама сурудҳояшро меписандам ва симои ҷаззоби ин фариштаи саҳна ҳамеша дар ёду хаёлам чарх мезанад. Ба наздикӣ як шиносам гуфт, ки Закия бо як марди пулдори афғон оиладор шудааст. Гӯё сабти клипҳои зебояш низ бо шарофати сарпарастии шавҳараш будаасту марди афғон ба Закияи нозанин мошину хонаву бӯстонсаро тӯҳфа кардааст. Аз шумо хоҳишмандем, ҳақиқати ин овозаро барои мо равшан намоед.

Посух

Барои пайдо намудани посух ба саволи мазкур тавассути шабакаи иҷтимоии Инстаграм бо Раҷ Аҳмад, продюсери кулли ситораҳои тоҷик дар тамос гаштем. Раҷ Аҳмад дар посухи ин савол гуфт, ки Закия то ҳол шавҳар накардааст ва овозаи бо марди афғон хонадор шуданаш асос надорад. Боз як дугонаи наздики Закия, ки аз гуфтани номаш худдорӣ намуд, ягон асос надоштани овозаи мазкурро қайд намуда гуфт: “Закия танҳо бо марди тоҷик издивоҷ мекунад!”

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД