Дирӯз, 10-уми июн яке аз овозхонҳои машҳури Тоҷикистон Зафар Аюбӣ ҷашни мавлуд дошт. Ӯ ҳарчанд ягон мукофоту ҷоизаи давлатӣ надорад, аммо маҳбубияти самимонаи мардумиро сазовор шудааст.
Зафарча беш аз 40 соли охир дар Тоҷикистон машҳур аст ва бештар таронаҳои тӯёна мехонад.
Се сол пеш Зафар Аюбӣ ба коронавирус гирифтор шуд, ки онро бо душворӣ паси сар кард. Ҳатто овозаи маргаш ҳам расонаӣ шуд, ки дили ҳазоронро хун кард ва хушбахтона, аз ҷониби наздиконаш ин овоза рад шуд. Баъди ин овозхон чанд таронаи нав пешниҳод кард.
Зафар Аюбӣ 10-уми июни соли 1962 дар шаҳри Кӯлоб таваллуд шудааст. Ҳарчанд ӯ дар телевизион ва чорабиниҳои сатҳи баланд зиёд ҳунарнамоӣ мекунад, аммо то ҳол ягон унвони давлатӣ надорад.
Ин овозхонро дар бештари маврид бо шими ҷинс рӯи саҳна мебинанд ва худаш ҳам борҳо бо шӯхӣ гуфтааст, ки то ҷинс аз мӯд наравад, ӯ ҳам аз саҳна нахоҳад рафт.