Агентии моликияти зеҳнии Ӯзбекистон дар шабакаи “Telegram”-и худ навиштааст, ки Юлдуз Усмонова, примадонааи санъати Узбекситонро шоири ӯзбек Юлчӣ Рӯзиев барои риоя накардани ҳуқуқи муаллиф гунаҳкор медонад.
Юлдуз Усмонова, ҳунарпешаи мардумии Ӯзбекистон таронаи “Хаста булма”-и Юлчӣ Рӯзиевро бе розигии муаллиф сароидааст. Ин таронаро шоир ҳанӯз 5 сол пеш навишта будааст.
Акнун примадонна вазифадор аст, ки барои поймол кардани ҳуқуқи муаллиф ба Юлчӣ Рӯзиев 185 миллион сӯм пардохт кунад, ки ин ба 195563 сомонии тоҷикӣ баробар аст. (Мубодила бо сомонаи Coinmill.com ҳисоб карда шудааст, ки ба 2-юми ноябр мувофиқ меояд. )
МАВОДИ ПЕШИН ДОИР БА ИН МАВЗӮЪ: